МЕНЮ

ДУШАНБЕ, 16.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи якуми соли равон ба дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқӣ инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 282 адад муроҷиатҳои хаттӣ ворид гардидааст, ки талаботи аксари онҳо қонеъ гардонида шуданд. Дар ин бора имрӯз Ваколатдор оид ба ҳуқуқӣ инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар ҳузури намояндагони ВАО изҳор дошт.

Рӯзи 9 ва 10-уми июли соли 2020 дар доираи Барномаи амали мақомот Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Умед Бобозода дар якҷоягӣ бо муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ – Нидоев Ҳ., муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак – Низомов А. ва ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Салихов З. ҷиҳати шиносоӣ аз вазъи будубоши маҳкумшудагон дар Муассисаи ислоҳии ЯС 3/8-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Норак боздид ба амал овард.
2
июли
2020
|

Нусратулло Махсум — яке аз асосгузорони Тоҷикистони Шӯравӣ ҶШС Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатии Тоҷикистон, сиёсатмадор, дорандаи унвони олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қаҳрамони Тоҷикистон.
2
июли
2020
|

ДУШАНБЕ, 01.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо суқути давлати Сомониён халқи тоҷик дар зарфи ҳазор сол аз давлати миллии хеш маҳрум гашт ва дар ҳайати давлатҳои гуногуни аҷнабӣ умр ба сар мебурд. Танҳо дар ибтидои садаи XX бо шарофати Ҳокимияти Шӯравӣ халқи мо имкон пайдо кард, ки давлати хешро созмон диҳад. Ҳарчанд, ки раванди бунёди ин давлат тӯлонӣ ва пур аз муборизаҳо буд, бо вуҷуди он, шароити фароҳамомадаи ибтидои асри XX имкон дод, ки мо имрӯз давлати соҳибистиқлоли хешро бо номи Тоҷикистон дошта бошем. Чунин нигоштааст номзади илмҳои таърих Абдулло ҒАФУРОВ зимни як мақолае, ки бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум (1 июн) ба унвонии АМИТ «Ховар» ворид гардид.