ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

girl boy3

RSS-канал

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Сомонаи расмӣ
  1.  13 октябри соли 2026, дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Тасдиқи Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон -ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор» мизи мудаввар аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд баргузор гардид, ки дар он муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон -Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Н.А. иштирок ва суханронӣ намуд.

  2.            9 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси муштараки Созмони Милали Муттаҳид, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон ва САҲА Форуми миллӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии духтарон баргузор гардид, ки дар он муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

  3.     6 октябри соли 2026 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ишкошими ВМКБ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода бо роҳбарону кормандони сохторҳои давлатӣ, масъулони соҳаҳои дахлдор ва сокинони ноҳия вохӯрӣ баргузор намуда, ҳамзамон қабули шаҳрвандонро анҷом доданд ва аз як қатор муассисаҳои иҷтимоӣ ва сохторҳои дахлдор боздид ба амал оварданд.

  4.                 

        5 октябри соли 2026 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Мурғоби ВМКБ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода бо роҳбарону кормандони сохторҳои давлатӣ, масъулони соҳаҳои дахлдор ва сокинони ноҳия вохӯрӣ баргузор намуда, қабули шаҳрвандонро анҷом доданд ва аз як қатор муассисаҳои иҷтимоӣ боздид ба амал оварданд.

  5. Мулоқоти Муқимӣ Нигора бо намояндагони Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд

     

    1-уми октябри соли ҷорӣ Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора бо намояндагони Дирексияи идоракунии давлатии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) мулоқоти маҷозӣ анҷом дод.

  6. 18 сентябри соли 2026 дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён дар ҷаласаи 101-уми Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориши навбатии даврии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод намуд.

    Дар кори ҷаласа ҳайати Тоҷикистон, аз ҷумла Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ иштирок намуд.

    Зимни муаррифии гузориши миллӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак маълумоти муфассал оид ба раванди татбиқи муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

  7.  Дар остонаи ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

  8.   3 сентябри соли 2026 мулоқоти Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ бо Виктор Элиас баргузор гардид.

  9. Мулоқоти Муқимӣ Нигора  бо сафири Финляндия

    хонум Мария Агрен

    Санаи 3 сентябри соли 2026 вохӯрии муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода бо сафири навтаъини Финляндия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мария Агрен баргузор гардид.

  10. 2 сентябри соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Рушди ҳуқуқи инсон дар 35 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal