Ҳамасола дар Тоҷикистон санаи 10 декабр ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон таҷлил гардида, бахшида ба ин сана мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи «Ҳафтаи ҳуқуқи инсон» дар самтҳои мухталиф чорабиниҳо мегузаронад.
Дар ин робита ҷиҳати ташвиқу тарғиби дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ва таъмини манфиатҳои беҳтарини онҳо, инчунин натиҷагирӣ аз санҷишу мониторингҳои мақомот дар муассисаҳои кӯдакона дар соли 2024 бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ва шарикони рушд, ки дар самти кӯдакон фаъолият мебаранд, санаи 9 декабри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Серена” мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, масъулин роҳбарони воҳидҳои сохтории ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдаки вазоратҳои маориф ва илм, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, адлия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, масъулини комиссияҳои ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Қубодиён, намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин намояндагони мақомоти давлатӣ дар мавзӯъҳои: ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакони бо қонун дар мухолифатбуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон дар ҳошияи таъмини ҳуқуқ ба таҳсил, ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон дар Тоҷикистон маърӯзаҳо карда, оид ба дастовард, мушкилот ва дурнамои соҳа муҳокимаронӣ намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки соли 2024 барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои беҳтарини кӯдакон низ дар баробари дигар самтҳои муҳими давлатдорӣ соли бобарор ва пур аз навгониҳо дар қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ ба шумор меравад.
Дар ин замина вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа дар он аст, ки дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак пайваста тарғибу ташвиқ намуда, ҷиҳати боз ҳам рушд додани соҳа мусоидат намоянд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар барои фаъолияти самарабахш дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон ба ҳамкорони мақомот аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва ноҳия Қубодиён, намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ ва Ташкилоти ҷамъиятии “Волидони кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд” “Сипоснома”-и Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тақдим гардид.