ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

girl boy3

18
сентябри
2026

18 сентябри соли 2026 дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён дар ҷаласаи 101-уми Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориши навбатии даврии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод намуд.

Дар кори ҷаласа ҳайати Тоҷикистон, аз ҷумла Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ иштирок намуд.

Зимни муаррифии гузориши миллӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак маълумоти муфассал оид ба раванди татбиқи муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

4
сентябри
2026

 Дар остонаи ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

3
сентябри
2026

  3 сентябри соли 2026 мулоқоти Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ бо Виктор Элиас баргузор гардид.

3
сентябри
2026

Мулоқоти Муқимӣ Нигора  бо сафири Финляндия

хонум Мария Агрен

Санаи 3 сентябри соли 2026 вохӯрии муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода бо сафири навтаъини Финляндия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мария Агрен баргузор гардид.

3
сентябри
2026

2 сентябри соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Рушди ҳуқуқи инсон дар 35 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Омодакунандаи сомона DarAmal