
Хабар
Сафари кории Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияҳои Ховалинг ва Муъминободи вилояти Хатлон дар рӯзҳои 20 то 23 09.2022
17
сентябри
2022
|

1
сентябри
2022
|


ДУШАНБЕ, 20.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо сафари корӣ дар Конфедератсияи Швейтсария қарор дорад. Дар доираи сафари корӣ Умед Бобозода 19 июл дар шаҳри Женева бо мудири Дафтари минтақавии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) хонум Афшин Хондар мулоқот намуд, хабар доданд ба мухбири АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

ДУШАНБЕ, 19.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар доираи сафари корӣ ба Конфедератсияи Швейтсария 19 июл дар Женева бо намояндаи аршади Бахши хифзи ҳуқуқи занони Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон хонум Ханна Ву мулоқот намуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.