ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
13
майи
2026

Идомаи чорабиниҳои маърифатию машваратӣ ва шиносоӣ дар шаҳри Турсунзода

Дар доираи чорабиниҳои банақшагирифтаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар самти ҳуқуқи инсон, шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ва таҳкими ҳамкориҳо, санаи 12 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Турсунзода мулоқоти навбатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода, муовини раиси шаҳри Турсунзода Абдулозода Лайло, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ходимони дин, фаъолони ҷомеа, раисони маҳаллаҳо ва толибилмони фаъоли шаҳр иштирок намуданд.

Зимни чорабинӣ доир ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 декабри соли 2025, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», инчунин Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои кӯдак маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Таъкид карда шуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои муҳими рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, ба масъалаҳои рушди технологияҳои инноватсионӣ, татбиқи иқтисоди рақамӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва суръатбахшии раванди саноатикунонии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст.

Дар ҳошияи чорабинӣ аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки  ҷиҳати иҷрои босифат ва саривақтии дастуру супоришҳои дар паём ироагардида, фаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшанд.

Ҳамчунин, дар доираи сафари корӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо аъзои комиссияи маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак мулоқот анҷом дода, бо таҳлил ва таъкиди вазъи ташвишовари ҷинояткорӣ нисбати ноболиғон ва аз ҷониби ноболиғон масъулин ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолият дар самти кор бо оилаҳои осебпазир, кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакони маъюб ва ноболиғони дар мухолифат бо қонун қарордошта, инчунин ҷамъоварии маълумоти дақиқ оид ба вазъи кӯдакон дар ҳудуди шаҳр дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуданд.

Дар идомаи сафар масъулин аз Маркази саломатии шаҳри Турсунзода, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №101 ва Ширхоргоҳ-кӯдакистони №4 «Лола»-и шаҳри Турсунзода боздид ба амал оварда, бо шароити хизматрасонии тиббӣ ва таълиму тарбияи кӯдакон аз наздик шинос шуданд.

Зимни суҳбат бо роҳбарият ва кормандони муассисаҳои мазкур ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон тавсияҳои дахлдор пешниҳод гардиданд.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal