Дар идомаи иқдомҳои навбатӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, шарҳу тавзеҳи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ва пешбурди фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 29-30 апрели соли ҷорӣ чорабинии навбатӣ дар ноҳияи Рашт доир гардид.
Дар чорабинӣ муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ муовини раиси ноҳияи Рашт Ҷононзода Маҳмадисо, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ходимони дин ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини раиси ноҳияи Рашт Ҷононзода Маҳмадисо ҳусни оғоз бахшида, аҳаммияти ташкил ва баргузории чунин вохуриҳо ва таҳкими ҳамкориҳо бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ намуд.
Сипас Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025-ро шарҳу тавзеҳ дода, таъкид намуд, ки дар паём Пешвои муаззами миллат тамоми паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро таҳлилу арзёбӣ намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян намудаанд. Аз ин лиҳоз, он бояд сармашқи кори ҳар як фарди ҷомеа бошад.
Дар идомаи чорабинӣ мудири маориф, ходими дин ва бахши кор бо ноболиғони ноҳияи Рашт оид ба масъалаҳои таълиму тарбия, таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии кӯдакон дар Тоҷикистон, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷиноятҳо нисбати ноболиғон суханрони намуданд.
Ҳамзамон, дар доираи сафари худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо аъзоёни комиссияи маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак, мақомоти васоят ва парасторӣ мулоқот намуда, вазъи таъмини ҳуқуқҳои кӯдаконро дар ноҳия баррасӣ намуд. Зимни вохурӣ аз ҳозирин тақозо гардид, ки дар иҷрои вазифаҳояшон масъулияти баланд нишон дода, ҷиҳати кор бо оилаҳои осебпазир ва кӯдакони ятиму бепарастор, маъюб ва бо қонун дар мухолифатбуда, ҷамъоварии маълумоту омори дақиқ оид ба вазъи кӯдакон дар ҳудуди ноҳия фаъолиятро бо аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо дар ин самт тақвият бахшанд.
Дар идомаи сафар масъулин аз колеҷи тиббӣ, муассисаи таҳсилоти умумии №54, мактаб-интернати ҷумҳуриявии деҳаи Навобод ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №83 ноҳияи Рашт дидан намуда, бо вазъи хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон, таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон ба таҳсил аз наздик шинос шуданд. Зимни боздид аз муассисаҳои кӯдакона бо роҳбарият ва кормандон суҳбат намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолият тавсияҳои дахлдор дода шуданд.






