ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
10
апрели
2026

Баргузории чорабиниҳои маърифатию машваратӣ ва шиносоӣ дар шаҳри Ҳисор

Дар доираи чорабиниҳои банақшагирифтаи мақомоти ВҲИ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, шарҳу тавзеҳи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ва тақвияти ҳамкориҳо мулоқоти навбатӣ дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода, санаи 10 апрели соли ҷорӣ гузаронида шуд, ки дар он раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ходимони дин, фаъолони ҷомеа, раисони маҳалла ва дигар фаъолон ширкат доштанд.

 

Бо шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 декабри соли 2025 ба иштирокчиёни чорабинӣ таъкид гардид, ки таҳлилу арзёбии тамоми паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар дар паём таҷассум ёфта, доир ба рушди технологияҳои инноватсионӣ, татбиқи иқтисоди рақамӣ, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ, рушди босуръати саноатикунонии кишвар Пешвои муаззами миллат пешниҳодҳои ҷиддии муосирро ироа намуданд.

Аз ин лиҳоз, паём ҳамчун ҳуҷҷати асосии афзалиятдошта ва барномаи рӯимизии ҳар як корманди соҳаи муайян бошад ва зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои пурраю саривақтии дастуру ҳидоятҳои зимни он ироагардида тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.

Ҳамзамон, дар доираи сафари худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо аъзоёни комиссияи маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак, мулоқот намуда, вазъи таъмини ҳуқуқҳои кӯдаконро дар шаҳри Ҳисор баррасӣ намуд. Зимни вохурӣ аз ҳозирин тақозо гардид, ки дар иҷрои вазифаҳои худ масъулияти баланд нишон дода, ҷиҳати кор бо оилаҳои осебпазир ва кӯдакони ятиму бепарастор, маъюб ва бо қонун дар мухолифатбуда, ҷамъоварии маълумоту омори дақиқ оид ба вазъи кӯдакон дар ҳудуди шаҳр фаъолиятро бо аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо дар ин самт тақвият бахшанд.

Дар идомаи сафар масъулин аз Маркази саломатии шаҳри Ҳисор ва Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор дидан намуда, бо вазъи хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон, таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон ба таҳсил аз наздик шинос шуда, зимни сӯҳбат бо роҳбарият ва кормандони ин ниҳодҳо ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолият тавсияҳои дахлдор дода шуд.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal