ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
9
апрели
2026

Шарҳу тавзеҳи паёми Президент дар ноҳияи Файзобод

Дар доираи иқдомҳо ҷиҳати баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, шарҳу тавзеҳи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ва пешбурди фаъолияти хизматӣ мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст.

Чунин як чорабинӣ бо иштироки муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ санаи 8 апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Файзобод гузаронида шуд, ки дар он раиси ноҳияи Файзобод Мансур Каримзода, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ходимони дин ва фаъолони ҷомеа ширкат доштанд.

Ҷаласаро раиси ноҳияи Файзобод Мансур Каримзода ҳусни оғоз бахшида, аҳаммияти ташкил ва баргузории чунин вохуриҳо ва таҳкими ҳамкориҳо бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ намуд.

Сипас Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025-ро шарҳу тавзеҳ дода, таъкид намуд, ки дар паём Пешвои муаззами миллат тамоми паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро таҳлилу арзёбӣ намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян намудаанд. Аз ин лиҳоз, он бояд сармашқи кори ҳар як фарди ҷомеа бошад.

Дар идомаи чорабинӣ сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Суҳайлӣ Қодирӣ оид ба таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии кӯдакон дар Тоҷикистон, масъалаҳои таълиму тарбия, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷиноятҳо нисбати ноболиғон маъруза намуд.

Ҳамзамон, дар доираи сафари худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо аъзоёни комиссияи маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак, мақомоти васоят ва парасторӣ, раисони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мулоқот намуда, вазъи таъмини ҳуқуқҳои кӯдаконро дар ноҳия баррасӣ намуд. Зимни вохурӣ аз ҳозирин тақозо гардид, ки дар иҷрои вазифаҳояшон масъулияти баланд нишон дода, ҷиҳати кор бо оилаҳои осебпазир ва кӯдакони ятиму бепарастор, маъюб ва бо қонун дар мухолифатбуда, ҷамъоварии маълумоту омори дақиқ оид ба вазъи кӯдакон дар ҳудуди ноҳия фаъолиятро бо аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо дар ин самт тақвият бахшанд.

Дар идомаи сафар масъулин аз муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 ва ширхоргоҳ-кӯдакистони №4 ноҳияи Файзобод дидан намуда, бо вазъи хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон, таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон ба таҳсил аз наздик шинос шуданд. Зимни боздид аз муассисаҳои кӯдакона бо роҳбарият ва кормандон суҳбат намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолият тавсияҳои дахлдор дода шуд.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal