Бо мақсади таъмини ҳуқуқи инсон ба саломатӣ соли 2026 дар давлатҳои узви ИДМ “Соли ҳифзи саломатӣ” эълон гардидааст. Дар ин робита, аз 6 то 10 апрел дар Тоҷикистон низ баргузории маъракаи ҷумҳуриявии “Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон” идома дошта, роҳбарият ва кормадони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур саҳм мегузоранд.
Чунин як чорабинӣ санаи 9-уми апрели соли ҷорӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи аксияи ҷумҳуриявӣ «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ» дар мавзуи “Ҳуқуқи кӯдак ва саломатӣ” семинари омӯзишӣ доир гардид, ки дар он муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон-Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ Аминзода иштирок доштанд.
Семинари омӯзиширо муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода ифтитоҳ намуда, сипас муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ Аминзода доир ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон дар Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва барномаву стратегияҳои амалкунанда баромад намуда, қайд намуд, ки ҳифзи саломатӣ, нигоҳубин ва рушди тарбияи кӯдакон, аз мову шумо вобастагии амиқ дорад. Зеро дар Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак омадааст, ки ҳар як кӯдак ҳуқуқ ба ҳаёт, зиндагӣ ва инкишофи солим, донистани волидайни худ ва бархурдор будан аз ғамхории онҳо, озодона баён намудани ақидаи шахсӣ, саломатӣ ва дастрасӣ ба низоми тандурустӣ ва имконоти дастрасӣ ба таҳсилро дорад.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ҳифзи саломатии кӯдакон ва таъмини ҳуқуқҳои онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар ин самт ҳамкории муассисаҳои соҳа бояд боз ҳам тақвият ёбад.
Дар фарҷоми чорабинӣ саволу ҷавоб ва музокираҳо доир гардида, изҳор карда шуд, ки чорабинии мазкур дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон ба саломатӣ ва тавонбахшӣ мусоидат хоҳад кард.






