ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
1
октябри
2026

Мулоқоти Муқимӣ Нигора бо намояндагони Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд

Мулоқоти Муқимӣ Нигора бо намояндагони Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд

 

1-уми октябри соли ҷорӣ Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора бо намояндагони Дирексияи идоракунии давлатии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) мулоқоти маҷозӣ анҷом дод.

 

Дар мулоқот Никол Дрю, таҳлилгари сиёсӣ оид ба шарикии глобалӣ, Иля Ходорковский, мутахассис оид ба таҳлил ва машварати сиёсӣ, ва Фридрих фон Тресков, корманди барномаи «Карло Шмид», аз Шуъбаи шарикии глобалӣ, адолат ва фарогирии Дирексияи идоракунии давлатии СҲИР, инчунин кормандони масъули мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Аснои мулоқот масъалаҳои марбут ба лоиҳаи ёддошти консептуалии СҲИР оид ба дастгирии идоракунии давлатӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо доир ба истифодаи стандартҳо, ташхисҳо ва абзорҳои татбиқии СҲИР, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, таҳкими шаффофият, поквиҷдонӣ ва ҳисоботдиҳӣ, инчунин густариши дастрасӣ ба адолат ва волоияти қонун табодули афкор намуданд.

 

Дар мулоқот, ҳамчунин ба масъалаҳои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои давлатӣ, таъмини ҳуқуқи инсон дар шароити рақамӣ, пешгирии табъиз, таъмини баробарии гендерӣ ва махсусан, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Таъкид шуд, ки татбиқи чунин ташаббусҳо метавонад ба таҳкими низоми идоракунии давлатӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ва рушди механизмҳои самараноки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла ҳуқуқи кӯдак, мусоидат намояд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ба идомаи ҳамкориҳои судманд ва табодули таҷриба дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн иброз намуданд.

 


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal