ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
11
ноябри
2026

ВОХӮРИИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ КӮДАК БО МАСЪУЛОНИ СОҲАҲО ВА СОКИНОНИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН

     11 ноябри соли 2026 дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Гулистони вилояти Суғд муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон-Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода як қатор вохӯрию мулоқотҳоро анҷом дод.

     Нахуст, дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо иштироки муовини раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон ва намояндагони сохторҳои дахлдор ҷаласа баргузор гардид. Зимни он масъалаҳои риояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, иҷрои талаботи қонунгузории миллӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва тақвияти ҳамкории мақомоти давлатӣ баррасӣ шуданд.

     Дар ҳошияи чорабинӣ, аз ҷониби Ваколатдор қабули шаҳрвандон баргузор гардида, муроҷиатҳои онҳо вобаста ба масъалаҳои марбут ба ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва дигар мушкилоти мавҷуда шунида шуданд. Ба муроҷиаткунандагон вобаста ба масъалаҳои матраҳгардида машваратҳои ҳуқуқӣ пешниҳод гардида, ҷиҳати баррасии муроҷиатҳо тавсияҳои дахлдор дода шуданд.

     Дар идомаи чорабинӣ  аз ҷониби масъулини мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  мулоқот бо таълимгирандагон ва фаъолони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Гулистон баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳуқуқу уҳдадориҳои кӯдакон, пешгирии зӯроварӣ ва муносибати бераҳмона, таҳқиру фишор миёни ҳамсолон, истифодаи бехатари интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин нақши наврасон дар ҳифзи ҳуқуқҳои худ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

     Муқимӣ Нигора Аминзода ба саволҳои хонандагон посух дода, таъкид намуд, ки ҳар як кӯдак бояд ҳуқуқу уҳдадориҳои худро донад, ба ҳуқуқи дигарон эҳтиром гузорад ва дар ҳолати поймол гардидани ҳуқуқу манфиатҳояш сари вақт ба шахсони масъул ва мақомоти дахлдор муроҷиат намояд.

     

Чунин вохӯриҳо ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, тақвияти ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеа ва таҳкими фаъолияти муштарак дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон мусоидат менамоянд.

           


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal