ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
10
ноябри
2026

САФАРИ КОРИИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ КӮДАК БА НОҲИЯИ СПИТАМЕН

    10 ноябри соли 2026 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Спитамени вилояти Суғд муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон-Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода як қатор вохӯрию боздидҳоро анҷом дод.

 

  Нахуст, Ваколатдор аз мактаб-интернати ноҳия боздид намуда, бо шароити таълиму тарбия, зисту зиндагии тарбиятгирандагон ва вазъи риояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон шинос гардид. Зимни боздид ба масъалаҳои фароҳам овардани шароити мусоид, таъмини муҳити бехатар ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

 

 

    Сипас, мулоқоти Муқимӣ Нигора Аминзода бо хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия баргузор гардида, дар он масъалаҳои ҳуқуқу уҳдадориҳои кӯдакон, пешгирии зӯроварӣ, муносибати бераҳмона, таҳқиру фишор миёни ҳамсолон ва истифодаи бехатари интернет мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ваколатдор ба саволҳои хонандагон посух дода, онҳоро ба омӯзиши ҳуқуқҳои худ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа даъват намуд.

 

    Дар идомаи сафар дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен бо иштироки муовини якуми раиси ноҳия ва намояндагони сохторҳои дахлдор ҷаласа баргузор гардид. Зимни он масъалаҳои таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, иҷрои талаботи қонунгузории миллӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон баррасӣ шуданд.

    Ҳамзамон, аз ҷониби Ваколатдор қабули шаҳрвандон баргузор гардида, муроҷиатҳои онҳо шунида ва вобаста ба масъалаҳои матраҳгардида машваратҳои ҳуқуқӣ пешниҳод карда шуданд.

    Сафари мазкур ба таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва тақвияти фаъолияти муштарак дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон равона гардидааст.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal