Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сохтори «СММ-занон» дар Тоҷикистон, дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Занон ва об 2026» баргузор гардид.
Форуми мазкур дар чаҳорчӯби Раванди оби Душанбе сурат гирифта, татбиқи бомуваффақияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028»-ро мустақиман дастгирӣ менамояд.
Буҳрони глобалии об, ки бар асари тағйирёбии иқлим шиддат меёбад, хатарҳои амиқи гендериро ба бор меорад. Занон ва духтарон то ҳол бо бори номутаносиби норасоии об рӯбарӯ ҳастанд, ки ин ба саломатӣ, вазъи иқтисодӣ ва амнияти озуқавории онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамзамон, иштироки онҳо дар равандҳои идоракунии захираҳои об дар ҳамаи сатҳҳо нокифоя боқӣ мемонад.
Ҳадафи асосии форум — таъсис додани платформаи байналмилалии сатҳи баланд барои бартараф кардани ин тафовут, тасейи иштироки занон дар қабули қарорҳо ва таҳкими нақши онҳо дар маблағгузорӣ ва инноватсияҳои бахши об мебошад.
Барномаи форум ба се ҷаласаи стратегии панелӣ гузаронида шуд.
Ҷаласаи 1: Тавсеаи ҳуқуқу имкониятҳои занон тавассути маблағгузорӣ ва инноватсияҳо дар соҳаи об буд, ки иштирокчиён масъалаҳои таъсиси механизмҳои мақсадноки молиявиро барои занони соҳибкор ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ (аз ҷумла зеҳни сунъӣ) ҷиҳати қонеъ кардани ниёзҳои хоси занон баррасӣ намуданд.
Ҷаласаи 2: Идоракунии фарогир ва иштирок дар соҳаи об- дар ин ҷаласа маркази таваҷҷуҳ масъалаҳои ҳамгироии баробарии гендерӣ ба стратегияҳои миллии об ва механизмҳои идоракунии захираҳо дар ҳамаи сатҳҳо қарор гирифт.
Ҷаласаи 3: Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об ва пиряхҳо дар ҳамаи сатҳҳо буд, ки ба ҳамкориҳои минтақавӣ, байналмилалӣ ва илмӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва ҳамкориҳои фаромарзӣ бахшида шуд.
Ифтитоҳи расмии форум ва истиқболи иштирокчиёнро Бунафшӣ Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарӣ намуд. Дар муҳокимаҳо мақомоти давлатӣ, ниҳодҳо ва вазорату идораҳо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои молиявии рушд, ҷомеаи илмӣ, ниҳодҳои гендерӣ ва ҳуқуқӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО иштирок карданд.
Натиҷаи асосии форум қабули Эъломияи Душанбе «Занон ва об» хоҳад буд, ки ба рӯзномаи Конфронси дарпешистодаи СММ оид ба об дар соли 2026 саҳми арзанда мегузорад. Танҳо дар ҳошияи форум ба фаъолияти Шабакаи шарикии «Занон ва об» ҳусни оғоз бахшида шуда, таҳияи нақшаи муштараки минтақавӣ байни Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон ва Сохтори «СММ-занон» оид ба идоракунии ба гендер нигаронидашудаи захираҳои об дар Осиёи Марказӣ амалӣ карда мешавад.






