28 октябри соли 2026 дар доираи Форуми дуюми байналмилалии ваколатдорони ҳуқуқи кӯдаки кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки таҳти унвони «Садои кӯдакон: стратегияҳои миллӣ ва муҳити рақамии бехатар», ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирокчиёни форум бо раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Қазоқистон Элвира Азимова мулоқот намуд.

Дар мулоқот Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Н.А. низ иштирок намуда, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, нақши адолати судии конститутсионӣ дар таъмини ҳуқуқҳои инсон ва таҷрибаи кишварҳои минтақа дар ин самтро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни вохӯрӣ раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Қазоқистон Элвира Азимова оид ба ислоҳоти конститутсионии дар кишвар амалигардида, аҳаммияти онҳо дар таҳкими асосҳои ҳуқуқии давлатдорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин меъёрҳои конститутсионии ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон равонагардида маълумот пешниҳод намуд.

Ҳамзамон, масъалаҳои баррасии парвандаҳои ба ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон дахлдошта дар Суди конститутсионӣ ва аҳаммияти қарорҳои қабулшуда дар таъмини адолат ва барқарор намудани ҳуқуқҳои кӯдакон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Дар ҳошияи чорабинӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Н.А. масъалаи муҳимми иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ-вазъи фарзандони ноболиғи муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва таъмини кафолатҳои зарурии ҳуқуқиро матраҳ намуд.
Аз ҷумла, зимни суҳбат масъалаҳои вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдаконе, ки бо сабаби муҳоҷирати меҳнатии падару модар дар шароити осебпазир қарор мегиранд, таъмини ҳуқуқи онҳо ба таҳсил, тарбия, нигоҳубин ва дастрасӣ ба ҳимояи ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мулоқоти мазкур барои табодули таҷрибаи судӣ ва ҳуқуқӣ, баррасии мушкилоти мубрами ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавӣ аҳаммияти муҳим дорад.






