
27 октябри соли 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми дуюми байналмилалии ваколатдорони ҳуқуқи кӯдаки кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Садои кӯдакон: стратегияҳои миллӣ ва муҳити рақамии бехатар» баргузор гардид, ки дар он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода иштирок намуд.

Дар ҳошияи чорабинии мазкур Муқимӣ Нигора Аминзода бо суханронӣ баромад намуда, оид ба масъалаҳои мубрами ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, зарурати таҳкими механизмҳои миллии ҳимояи ҳуқуқи кӯдак, баланд бардоштани масъулияти мақомоти давлатӣ ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ дар ин самт ибрози назар намуд.

Зимни баромад таъкид гардид, ки ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, таъмини шароити мусоид барои зиндагӣ, таълиму тарбия, рушди ҳамаҷониба ва ҳимояи кӯдакон аз ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ масъулияти муштараки давлат, ҷомеа ва оила мебошад. Ҳамзамон, дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ зарурати андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати ҳифзи кӯдакон аз таҳдиду хатарҳои муҳити рақамӣ ва пешгирии поймолшавии ҳуқуқҳои онҳо муҳим арзёбӣ гардид.
Ҳадафи асосии форум табодули таҷрибаи миллӣ ва байналмилалӣ, таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, такмили низоми ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва ҷустуҷӯи роҳҳои самараноки таъмини амнияту некӯаҳволии кӯдакон мебошад.
Дар ҷараёни форум иштирокчиён масъалаҳои ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ, пешгирии зӯроварӣ ва буллинг, таъмини солимии равонии кӯдакон, фароҳам овардани муҳити бехатару фарогир ва имкониятҳои баробарро барои ҳамаи кӯдакон мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҳамзамон, ба масъалаи истифодаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ барои сари вақт ошкор намудани ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқи кӯдакон, муайян намудани ниёзҳои онҳо ва ташкили расонидани кумаки зарурӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар форуми мазкур барои муаррифии таҷрибаи кишвар дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, омӯзиши таҷрибаи пешқадами давлатҳои минтақа ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ба рушди иқдомҳои муштарак ҷиҳати таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои беҳтарини ҳар як кӯдак мусоидат менамояд.






