ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
7
марти
2025

Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Рӯзи Модар таҷлил гардид

ДУШАНБЕ, 07.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Модар ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти ин мақомот хабар доданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода иброз намуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу имконияти баробари мардону занон пайваста тадбирҳои назаррас анҷом дода мешаванд.

«Мо ифтихор мекунем, ки модари тоҷик давоми тамоми таърих тарбиятгари фарзандони нобиғаву хирадманд, солеҳу поктинат, бофазлу соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар ва ҳунарманду созанда буда, ин рисолати муқаддаси худро имрӯз низ бо иффату шараф идома мебахшад.

Имрӯз модари тоҷик дар баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз боз сиёсатмадору олим, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, яъне дар ободии мамлакат саҳми арзишманд мегузорад»,-иброз гардид дар ҳамоиш.

Нақши занону модарон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад. Тавре ки Пешвои миллат изҳор намудаанд, «Зан–Модар табиатан офаранда, созанда, парваришгар, ҷомеасозу ояндасоз ва идомабахши ҳаёт мебошад».

Таъкид гардид, ки тамоми сиёсатмадорону давлатдорон, донишмандону нобиғаҳо, бузургони олам, аз ҷумла пайғамбарон дар домони поки модар, бо шири сафед ва навозишу меҳрубониҳои модар ба камол расидаанд.

Бознашр /АМИТ «Ховар»/. 


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal