ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
13
марти
2025

Маърузаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак пешниҳод гардид

Бо натиҷагирӣ аз фаъолият ва таҳлили вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон ва таъмини манфиатҳои қонунии онҳо метавон хулоса намуд, ки соли 2024 як марҳилаи бисёр муҳим дар таҳкими сиёсат, қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ дар соҳаи ҳифз ва рушди кӯдак ба ҳисоб меравад.

Қабул ва мавриди амал қарор гирифтани қонуну муқаррароти нав ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар самти ҳимояи кӯдак, ҳифзи кӯдак аз зӯроварӣ ва таҳдиди истифодаи зӯроварӣ, манъи шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон, таҳкими таълиму тарбияи кӯдак, ҳуқуқи кӯдак ба таҳсил, муроҷиати ноболиғон ва ба инобат гирифтани фикри кӯдак танзими ҳуқуқӣ ва иҷтимоии рушди кӯдаконро ба сатҳи нисбатан нав бароварданд.

Дар ин робита, фаъолияти механизмҳои миллии кор бо кӯдак, аз ҷумла Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеа ёфта, ҷиҳати тақвияти иқтидори механизмҳои миллӣ ва ҳамкорӣ барои кӯдакон, таҳкими қонунгузории соҳаи кӯдак, барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншудаи кӯдакон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кӯдакон, намояндагони қонунии онҳо ва аҳли ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ба таҳсил, ба тарбия дар оила ва дар низоми адолати судӣ мусоидат карда шуд.

Бо назардошти ин, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар доираи талаботи қонунгузорӣ, истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда ва таҷрибаи андухташуда корбарӣ намуда, дар асоси дастовардҳои Тоҷикистон дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии кӯдакон, баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, таҳлилу омӯзиши таҷрибаи пешрафта, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи кӯдак, натиҷаи боздид, санҷиш ва мониторингҳо, ҳамкории самараноки механизмҳои миллии кор бо кӯдак, маълумоти пешниҳоднамудаи мақомоти марбута ва хабару иттилооти воситаҳои ахбори омма маърузаи мазкурро таҳия намудааст.

Бо мақсади таҳкими механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва тақвияти ҳамкориҳо дар ин самт 6 тавсия, такмил додани қонунгузории амалкунанда ва қабули ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак 4 тавсия, беҳтар намудани раванди қабул ва баррасии муроҷиатҳо 4 тавсия, беҳтар намудани раванди иттилоотонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқи аҳолӣ 3 тавсия, беҳтар намудани вазъи риояи ҳуқуқи кӯдак ба таҳсил 9 тавсия, беҳтар намудани вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакони маъюб 8 тавсия, беҳтар намудани вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон барои тарбия ёфтан дар оила 6 тавсия ва барои беҳтар намудани вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон дар низоми адолати судӣ 8 тавсия, дар маҷмуъ 47 тавсия пешниҳод карда шудааст.

Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Маърузаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2024 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Итминон дорем, ки минбаъд низ ҳамкориҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шарикони рушд, созмонҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, доираҳои илмӣ-академӣ, воситаҳои ахбори омма бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҷиҳати пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдакон тақвият меёбанд ва барои иҷрои тавсияҳои дар маъурази Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак пешниҳодшуда чораҳои мушаххас андешида мешаванд.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal