ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Апрел 2025
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
31 1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 1 2 3 4

girl boy3

21
апрели
2025

Қабули шаҳрвандон, вохӯриҳо дар маҳал

 

pangАз 14 то 19 апрели соли 2025 муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷонзода М. ҷиҳати идомаи таҷрибаи самараноки доир намудани вохӯриҳо бо намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, қабули шаҳрвандон ва вохурӣ бо аъзоёни комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак ба ноҳияҳои Ҷайҳун ва Панҷи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.

Сафари мазкур бо мақсади тақвият додани ҳамкориҳо бо мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдак дар доираи амалисозии Нақшаи кории Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2025, Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2025 сурат гирифт.

qumЗимни сафарҳои корӣ бо раисони ноҳияҳои зикршуда ва муовинони соҳавии онҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва мушкилоти дар ин самт мавҷуда суҳбатҳои алоҳида гузаронида шуда, вохӯриҳои мутақобилан судманд бо иштироки масъулини шуъбаҳои маориф ва илм, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, комиссияи маҳалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ баргузор гардиданд.

Дар доираи вохӯриҳо оид ба сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон, амалишавии Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ва протоколҳои иловагии он, вазифа ва нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, муқаррароти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, эҳтироми фикри кӯдакон дар раванди ҳаёти оилавӣ, аҳамияти таълиму тарбияи кӯдак дар оила дастрасии кӯдакон ба таҳсил, хадамоти тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, мушкилоти кӯдакони бо қонун дар мухолифатбуда, таҳсилоти кӯдакони дорои маъюбият ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal