RSS-канал
-
Мукофоти давлатӣ – арҷгузорӣ ба хизмати содиқона

Дар остонаи ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
-
Мулоқоти Нигора Муқимӣ бо мушовири намояндаи минтақавии Дафтари Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ Виктор Элиас

3 сентябри соли 2026 мулоқоти Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ бо Виктор Элиас баргузор гардид.
-
Мулоқоти Муқимӣ Нигора бо сафири Финляндия хонум Мария Агрен

Мулоқоти Муқимӣ Нигора бо сафири Финляндия
хонум Мария Агрен
Санаи 3 сентябри соли 2026 вохӯрии муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода бо сафири навтаъини Финляндия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мария Агрен баргузор гардид.
-
Баргузории конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ зери номи «Рушди ҳуқуқи инсон дар 35 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон» ва рӯнамоии китоб

2 сентябри соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Рушди ҳуқуқи инсон дар 35 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон» баргузор гардид.
-
Баргузории «Дарси сулҳ»дар ҳошияи Рузи дониш дар Муассисаи тарбиявии 3/12
Ба муносибати оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш дар Муассисаи ислоҳии 3/12 чорабинии маърифатӣ таҳти унвони «Дарси сулҳ» баргузор гардид.Дар чорабинӣ Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Дарский Радослав, муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон-Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мукимӣ Н.А., муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдзода Ф.Н., роҳбарият ва кормандон, омӯзгорону тарбиятгирандагони муассиса ва падару модарон иштирок намуданд
-
МУҚИМӢ НИГОРА БО ОРДЕНИ «ШАРАФ ДАРАҶАИ II» САФАРОЗ ГАРДИД
25 августи соли ҷорӣ дар Қасри миллат ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор намояндагони касбу кори гуногун мукофотҳои олии давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ тақдим гардид.
-
Боздид аз Сенат ва Палатаи қонунгузори Олий маҷлис, инчунин Суди конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Санаи 21 августи соли 2026 муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон -Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода дар доираи конфронси байналмилалии «Ҳуқуқи инсон дар шароити трансформатсияи рақамӣ: муносибатҳои муосир» дар ҳамбастагӣ бо Омбудсменҳои давлатҳои хориҷӣ, намояндагони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқ ва созмонҳои байналмилалӣ аз Сенати Олий Мажлис, Палатаи қонунгузори Олий Мажлис ва Суди конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дидан карда, бо роҳбарони ин ниҳодҳо мулоқот намуданд. -
Муколама дар мавзӯи «Нақши занон дар қабули қарорҳо»
20 августи соли 2026 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳошияи конфронси байналмилалии «Ҳуқуқи инсон дар шароити трансформатсияи рақамӣ: муносибатҳои муосир» муколамаи наҳорӣ (Breakfast Dialogue) дар мавзӯи «Нақши занон дар раванди қабули қарорҳо» бо иштироки муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода баргузор гардид. Дар он зиёда аз 20 нафар занони дорои вазифаҳои роҳбарикунанда дар парлумон ва мақомоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин роҳбарон ва намояндагони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқ аз кишварҳои Қатар, Миср, Малайзия, Озарбойҷон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркия ва Умон, инчунин намояндагони сохторҳои СММ ва дигар созмонҳо ширкат карданд. -
Иштирок дар конфронси байналмилалӣ дар шаҳри Тошканд дар мавзӯи: «Ҳуқуқи инсон дар шароити трансформатсияи рақамӣ: равишҳои муосир»
20 августи соли 2026 дар шаҳри Тошканд бо ташаббуси Ваколатдори Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи инсон (омбудсмен) конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон дар шароити трансформатсияи рақамӣ: равишҳои муосир» баргузор гардид, ки дар он муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода иштирок намуд.Чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди СММ, Ҳамоҳангсози лоиҳаҳои САҲА дар Ӯзбекистон ва Намояндагии Фонди Конрад Аденауэр дар ҳошияи 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил карда шуда, ба баррасии муносибатҳои муосир оид ба таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар шароити трансформатсияи рақамӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ, инчунин мустаҳкамкунии ҳамкорӣ байни ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқ ва созмонҳои байналмилалӣ равона гардида буд.
-
ЭЪЛОНИ ОЗМУНИ байналмиллалии эҷодӣ оид ба эссе, видеосюжет, акс ва расми беҳтарин таҳти унвони «Ҳуқуқ ба саломатӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маърифати аҳолӣ оид ба ҳуқуқ ба саломатӣ, ҷалби шаҳрвандони фаъол ба масъалаҳои ҳифзи саломатӣ ва муаррифии арзишҳои солими ҷомеа, марҳилаи миллии озмуни байналмилалии эҷодии «Ҳуқуқ ба саломатӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Озмун дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли ҳифзи саломатӣ» дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҳандозӣ шуда, ба рушди фарҳанги саломатӣ ва ташаккули муносибати масъулона ба саломатии худ ва дигарон равона шудааст.





