ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
9
октябри
2026

Иштирок дар Форуми миллӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии духтарон

           9 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси муштараки Созмони Милали Муттаҳид, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон ва САҲА Форуми миллӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии духтарон баргузор гардид, ки дар он муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

         Форум таҳти шиори “Ҳуқуқ, имконият ва ояндаи беҳтар барои ҳар духтар” баргузор гардида, дар он намояндагони ҷомеаи миллӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла мақомотҳои давлатӣ, намояндагони дипломатӣ, бахши хусусӣ, ҷавонон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ширкат варзиданд.

         Дар ҷараёни форум ба масъалаҳои қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳлили сиёсати давлатӣ, сармоягузорӣ ва меъёрҳои иҷтимоие, ки имкониятҳо ва иштироки духтаронро дар ҳаёти ҷомеа муайян мекунанд, таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Рӯзи байналмилалии духтарон барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи духтарон, дастрасии онҳо ба таҳсил, имкониятҳои баробар ва иштироки фаъолона дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ аҳаммияти муҳим дорад. Таъмини шароити муносиб барои таҳсилу рушди ҳамаҷонибаи духтарон яке аз омилҳои муҳимми бунёди ҷомеаи пешрафта ва устувор ба ҳисоб меравад.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal