RSS-канал
-
ИШТИРОКИ ВАКОЛАТЛОР ОИД БА ҲУҚУҚИ КӮДАК ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ БАЙНИИДОРАВӢ ОИД БА БАРҲАМДИҲИИ ШАКЛҲОИ БАДТАРИНИ МЕҲНАТИ КӮДАК БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО МЕҲНАТИ КӮДАК
Санаи 11 июни соли 2026 дар доираи таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак баргузор гардид. -
Боздиди муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои махсус дар шаҳри Душанбе
12 июни соли 2026 дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомот барои соли 2026 дар ҳошияи «Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдакон» муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Н.А. якҷо бо дигар кормандони мақомот ба Литсейи касбии махсуси КТИМК НҲ ҶТ ва Мактаби махсуси ҷумҳуриявии ВМИ ҶТ дар шаҳри Душанбе, бо мақсади аз наздик шинос шудан бо бошандагони муассисаҳои мазкур боздид ба амал оварданд -
Иштироки кормандони ВҲИ дар чорабиниҳои фарҳангӣ – фароғатӣ бахшида ба «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон»
Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Муқимӣ Н.А. санаи 2 июни соли 2026 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар барномаи идонаи фарҳангӣ-фароғатӣ, ки дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон» доир гардид, иштирок намуд.
-
Ташрифи ба Муассисаи тарбиявии ЯС 3/12 бахшида ба «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон»

Рӯзи 2 июни соли ҷорӣ Муқимӣ Нигора Аминзода - муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» ҷиҳати табрик намудани тарбиятгирандагон ба муносибати «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон» ба Муассисаи тарбиявии ЯС 3/12, ташриф оварданд.
-
Табрикотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ба муносибати «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон»
1 июн -«Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон»- рӯзест, ки тамоми ҷаҳон назарашро ба сӯи кӯдакон медӯзад. Рӯзе, ки аз соли 1950 инҷониб дар саросари дунё таҷлил мегардад. Ин рӯз ёдоварӣ аз он аст, ки кӯдакон - гаронбаҳотарин мероси инсоният буда, онҳо ҳуқуқ доранд зиндагӣ кунанд, хушбахт бошанд, дар муҳаббат ба воя расанд, таҳсил гиранд ва амн бошанд. -
Иштирок ва баромади намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар чорабинии иттилоотӣ ва фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар МТМУ №125 ноҳияи Рӯдакӣ

29 майи соли 2026 кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо кормандони Филиали ташкилоти ғайритиҷоратии байналмилалии башардӯстонаи «Good Neighbors» дар Тоҷикистон дар чорабинии иттилоотӣ ва фарҳангӣ, ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №125 ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор гардид, иштирок ва баромад намуданд.
-
Ташрифи кӯдакон ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон санаи 1 июни соли ҷорӣ кӯдакон – муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо фаъолияти мақомот, кормандон ва шароити кории онҳо аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд. -
Ташриф ба Марказҳои дастгирии оила ва кӯдаки №1 ва №2, Хонаи кӯдакони синни томактабии №1-и шаҳри Душанбе
1 июни соли ҷорӣ Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, МуқимӣНигора Аминзода, ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба Марказҳои дастгирии оила ва кӯдаки №1 ва №2, инчунин Хонаи кӯдакони синни томактабии №1-и шаҳри Душанбе ташриф оварданд. -
Иштирок Н.Муқимӣ дар чорабинии ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон 29 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳабри Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои илмӣ-академӣ, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Сармоягузорӣ ба кӯдакон – заминаи рушди устувори давлат ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” баргузор гардид.
-
Чорабинии иттилоотӣ ва фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар МТМУ №4 ва № 13 дар шаҳри Ваҳдат
Санаи 26 майи соли ҷорӣ намояндагони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо кормандони Филиали ташкилоти ғайритиҷоратӣ, байналмилалии башардустонаи “Good neighbors” дар Тоҷикистон, масъулини раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат ва котиби мақомоти васояту парастории Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар ҳошияи “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” дар чорабиниҳои баргузорнамудаи МТМУ №4 ва № 13 шаҳри Ваҳдат ширкат варзиданд.





