Имрӯз муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон: мушкилот ва дурнамо» иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ масъалаҳои муҳимми такмили заминаи ҳуқуқии кишвар, усулҳои муосири пешгирии ҷиноятҳо ва механизми ҳифзи ҳуқуқҳои шахсоне, ки аз савдои одамон зарар дидаанд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак зимни баромади худ таъкид дошт, ки ҳифзи кӯдакон аз ҳама гуна шаклҳои истисмор ва савдои одамон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Қайд карда шуд, ки таҳкими қонунгузорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои барқарорсозии равониву иҷтимоии қурбониёни кӯдакон кафолати ояндаи солимии ҷомеа мебошад.

Дар доираи конфронс иштирокчиён пешниҳодҳоро оид ба тасвиби усулҳои нави расонидани кумаки ҳуқуқӣ, психологӣ ва иҷтимоӣ ба қурбониёни савдои одамон муҳокима намуда, самтҳои дурнамои ҳамкориҳои муштаракро муайян карданд.






