Санаи 23 апрели соли 2024 Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобољонзода Миљгона Бобољон вобаста ба вазъи риояи ҳуқуқҳои ноболиѓон аз Тавқифгоҳи тафтишотии ЯТ 9/1- Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал овард
Зимни боздид Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак бо Асадуллозода Парвиз - сардори Тавќифгоњи тафтишотии ЯТ 9/1 –и Сарраёсати иљрои љазои љиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрда, вобаста ба вазъи риояи ҳуқуқҳои ноболиѓон, шароити нигоҳдорӣ, ҳифзи саломатӣ, таъминот бо ғизо, муносибат бидуни зӯроварӣ ва муошират бо хешовандон суҳбатҳо доир намуд.
Инчунин дар рафти боздид Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак бо ноболиѓоне, ки дар Тавќифгоњи тафтишотї нигоњдошта шуда буданд дар алоњидагї суњбат намуда, бо шароити нигоҳдошти кўдакон шинос гардид.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ аз муассисаҳое, ки дар онљо кўдакон нигоњ дошта мешавад дидан намояд.