Санаи 12 март муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо мутахассиси Дафтари минтақавии ЮНИСЕФ Стела Григорас-ро ба ҳузур пазируфта, мулоқот анҷом дода шуд.
Зимни мулоқот нахуст аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалисозии барномаҳои давлатӣ дар самти адлияи ноболиғон ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, татбиқи Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2038, амалишавии қонунгузории зиддитабъизӣ ва дурнамои фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ибрози андеша намуда, сипас оид ба фаъолият ва ҳамкориҳои самарабахш бо Хазинаи кӯдакони СММ ибрози назар намуданд.
Дар доираи мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои гузаронидани вохӯриҳо бо шарикони дахлдор, ки дар самти ғамхорӣ дар муҳити оила фаъолият мебаранд, табодули таҷриба бо шарикон ва пешниҳоди тавсияҳои мушаххас вобаста ба пешравӣ дар самти ғамхории алтернативӣ дар муҳити оила, таҳкими хизматрасониҳо ба ҷабрдидагони зӯроварӣ, баргузории чорабиниҳои иттилоотӣ вобаста ба манъи зӯроварӣ нисбат ба кӯдак, ҷамъоварии ахбору омор оид ба рушди кӯдак, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар доираи “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, баррасӣ намуданд.
Дар маҷмуъ мулоқот дар руҳияи ҳусни тафоҳум баргузор гардида, ҷонибҳо омодагӣ барои ҳамкориҳои минбаъда иброз намуданд.