Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши идона баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти ин ниҳод.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Чумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода иброз намуд, ки Наврӯз аз қадимтарин идҳои мардуми мо ба шумор рафта, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. «Хушбахтона, пас аз соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон Наврӯз бо тамоми шукуҳу ҳашамат ҷашн гирифта мешавад. Барои мо — тоҷикон мояи ифтихор аст, ки ҷаҳонишавии Наврӯз натиҷаи иқдоми пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Имрӯз Наврӯзи оламафрӯз дар тамоми олам шинохта шудаву мардумони дунё омадани онро пазмон мешаванд»,— гуфт ӯ.
Таъкид гардид, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз далели он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин оини воқеан ва моҳиятан фарҳангиву инсонпарварона эҳтиром дорад ва онро чун воситаи сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоиву бедории табиат эътироф менамояд.
Гуфта шуд, ки Наврӯз бо нақши созандааш ба шудгор ва кишту кори замин, пошидани донаи умед, шинонидани ниҳол ва гулу гулбутта, хуллас оғози ҳамаи корҳои мавсимии баҳор ҳидоят менамояд. Аз ин лиҳоз тоҷикон ин иди моҳиятан азизу муқаддаси ниёгонро бо хурсандиву арҷгузории беандоза таҷлил намуда, беҳтарин орзуву ормонҳояшонро бо Наврӯзи хуҷастапай пайванд медонанд.
Тавре аз номи он бармеояд, Наврӯз — рӯзи нав буда, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад.
Боз нашр аз «Ховар»