ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

8
октябри
2020

Санҷиши фаъолияти муаасисаҳои кӯдакона дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ

Дар доираи амалисозии Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 ва ҷиҳати иҷрои Барномаи амали мақомоти ВҲИ ҶТ барои соли 2020 дар нимаи дуюми моҳи сентябри соли 2020 дар Мактаб-интернати наздимактабии №5, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ва “Шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ”-и  ноҳияи Мурғоби ВМКБ аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби намояндаи сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ТҶ “Ассотсиатсияи волидони кӯдакони ДИМ” санҷиш гузаронида шуд.
 
мургоб
 
Ҳадафи санҷиш муайян намудани вазъи дастрасии кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони маъюбиятдошта ва кӯдакони ақаллиятҳои миллӣ ба таҳсил ва дастрасии кӯдакон ба хизматрасонии тиббӣ буд.  
Аз натиҷаи санҷишҳо муайян гардид, ки интернати наздимактабии №5 барои 20 нафар тарбиятгирандагон пешбинӣ шуда, айни ҳол дар он 14 нафар хонанда (аз ҷумла 7 нафар духтарон) таҳсил мекунанд. Гурӯҳи корӣ аз синфхонаҳо, ошхона, ҳуҷраҳои хоб, майдончаҳои варзишӣ, ҳоҷатхонаҳо  дидан намуданд. 
Инфрасохтори интернати наздимактабӣ куҳна бошад ҳам, ҳуҷраҳои хоб, майдончаи варзишӣ ва синфхонаҳо дар ҳолати хуби санитарӣ қарор доштанд. Ҳолати саломатии кӯдакон аз тарафи табибон ва ҳамшираҳои тиббии бунгоҳи тиббӣ мунтазам  назорат карда мешавад.  
Сохтмони толори варзишӣ  аз ҳисоби маблағҳои аз тарафи Раиси ВМКБ ҷудокардашуда ва бо дастгирии падару модарон идома дошта, тибқи нақша  дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.
 
Санҷиш дар МТМУ №1 ноҳияи Мурғоб нишон дод, ки муассисаи мазкур яке аз куҳнатарин муассисаҳои таълимии ноҳия буда, бинои якуми он ҳанӯз соли 1932 ва биноҳои 2 ва 3-и он соли 1964 ба истифода дода шудааст. МТМУ №1 барои таҳсили 400 хонанда пешбинӣ шуда, айни ҳол дар он 345 хонанда (аз ҷумла 163 духтарон) дар ду баст таҳсил менамоянд. Ба кӯдакон 49 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд. Таҳсил дар муассиса бо забони қирғизӣ ба роҳ монда шудааст.
 
мургоб1
 
Мушоҳидаҳои гурӯҳи корӣ нишон доданд, ки новобаста аз кӯҳна будани муассисаи таълимӣ биноҳои он аз таъмири ҷорӣ гузаронида шуда, дар ҳолати хуби санитарию гигиенӣ нигоҳ дошта шудаанд.
Дар муассисаи таълимӣ 2 (1 духтар) нафар ятимони кул, 16 (6 духтар) нафар кӯдакони нимятим ва 9 (5 духтар) нафар кӯдакони дорои маъюбият таълиму тарбия мегиранд. Кӯдакони маъюб имконияти бо ҳамсолони солими худ таҳсил карданро доранд. Хонандагоне, ки чунин имконият надоранд, аз ҷумла 1 хонандаи синфи 8 (духтар) бо таҳсили хонагӣ фаро гирифта шудааст. 
Аз суҳбат бо роҳбарияти муассиса ва мушоҳидаҳои гурӯҳи корӣ муайян гардид, ки дар муассисаи зикргардида барои пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19 тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд ва  дар ҳолати зарурат духтурони аз Маркази саломатӣ вобасташуда фавран огоҳ карда мешаванд.
Барои беҳтар намудани таъминоти муассисаи таълимӣ бо китобҳои дарсӣ бо забони қирғизӣ ба роҳбарияти муассиса тавсияҳои дахлдор дода шуданд. 
 
мург2
 
Санҷиш дар Шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии н.Мурғоб нишон дод, ки он соли 1985  ба истифода дода шуда,  дар тобеияти худ 5 Маркази саломатии деҳот, 7 бунгоҳи саломатии деҳот дорад ва ба 15 787 нафар сокинони ноҳия кӯмаки аввалияи тиббӣ мерасонад.
Зимни санҷиш бо духтурон ва волидайни кӯдаконе, ки фарзандонашонро ба Муассиса овардаанд, суҳбату пурсишҳо гузаронида шуд. Шаҳрвандон аз хизматрасонӣ дар Муассиса изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Аз суҳбат бо директори Муассиса муайян гардид, ки  аз давраи расман ба қайд гирифта шудани ҳолатҳои тасдиқшудаи бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди минтақаи хизматрасонии  Муассиса ҳолатҳои ба бемории сироятии COVID-19 гирифтор шудани кӯдакон ба қайд гирифта нашудааст.
Хизматрасонӣ дар Муассиса тибқи Қарори Ҳукумати ҶТ №600 аз 2 декабри 2008 ба роҳ монда шуда, кӯдакони то яксола, кӯдакони маъюб ва дигар бемориҳое, ки қарори зикршуда муайян намудааст, тариқи ройгон табобат мегиранд, ки инро волидони пурсидашуда низ тасдиқ намуданд. Тибқи маълумотҳои оморӣ то 1 августи 2020  ҳамагӣ 95 нафар кӯдакони маъюби то синни 18-сола ба қайд гирифта шудаанд.
     Дар Муассиса ҳуҷраи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона ташкил карда шудааст ва барои беморони то панҷсола аз рӯи тавсияи духтурон дар асоси дорухат баъзе дорувориҳо ройгон дода мешаванд.
Инчунин дар муассиса ҳуҷраи хатнагузаронӣ ташкил карда шудааст, ки  аз тарафи мутахассисон  ройгон хизмат расонида мешавад.
 
Аз натиҷаи санҷишҳо ба роҳбарияти   муассисаҳои санҷидашуда барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи дастрасии кӯдакон ба таълиму тарбия ва ҳифзи саломатӣ тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.
 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal