МЕНЮ
1
октябри
2020
|
Сафари корӣ ба ноҳияи Сангвор |
Рӯзи 1 октябри соли ҷорӣ зимни сафари корӣ ба ноҳияи Сангвор кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулозода Р. бо мақсади шиносоӣ аз рафти омодагӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавзаи интихоботии №12 ва участкаи интихоботии №13 оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар н. Сангвор ташриф оварданд.
Фаъолияти ҳавза ва участкаи интихоботӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ монда шудааст. Аз сӯҳбат бо раиси Ҳавзаи интихоботии №12 Шарипов Саидбек маълум гардид, ки тибқи маълумоти оморӣ аҳолии ноҳия 23875 нафарро ташкил дода, аз он ба ҳолати 26 августи соли ҷорӣ 12608 нафар интихобкунанда мебошад. Аз ин шумора 208 нафар бори аввал овоз медиҳанд.
Мушоҳидаҳои гуруҳи корӣ нишон доданд, ки дар ҳавза ва участкаи интихоботии зикргардида шароити мусоид барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани интихобот муҳайё мебошад. Аз ҷумла, ҳавза ва участкаи интихоботӣ бо ҳуҷраҳо ва қуттиҳои овоздиҳӣ таъмин буда, дар он нуқтаи тиббӣ ва хонаи модару кӯдак ташкил карда шудааст. Барои 188 нафар шахсони маъюбиятдошта, ки дар интихобот иштирок менамоянд, шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда,барои онҳое, ки имконияти ба участкаи интихоботӣ омаданро надоранд, қуттии сайёр ташкил карда шудааст.
Бо мақсади иштироки фаъоли интихобкунандагон дар маъракаи муҳими сиёсӣ ва огоҳии шаҳрвандон оид ба интихобот дар кӯчаву маҳалҳои ноҳия шиору овезаҳои тарғиботӣ насб шудаанд.