ДУШАНБЕ, 24.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Тосқалъаи деҳоти Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин муассисаи таълимӣ моҳи апрели соли 2019 оғоз гардида, аз тарафи Муассисаи давлатии Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарзи муосир сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоти таълимӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд.
Ҳудуди умумии муассиса бештар аз 2 гектарро ташкил дода, иморат аз ду ошёна иборат мебошад. Мактаб барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Муассисаи нави таълимӣ аз 24 синфхонаи барҳавои фаннӣ, аз ҷумла синфхонаҳои химия, физика, математика, синфхонаи лингафонӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, ҳунаромӯзӣ ва утоқҳои корӣ барои омӯзгорон иборат мебошад.
Инчунин муассисаи мазкур дорои маҷлисгоҳи барҳаво бо 335 ҷойи нишаст, китобхонаи муосир бо фарогирии беш аз 20 ҳазор китоби дарсию бадеӣ, ошхона барои 172 нафар, истгоҳи трансформаторӣ бо 2 адад трансформатори иқтидорашон 250 Кв мебошад. Тавре аён гардид, ҳамаи синфхонаҳои муассисаи таълимӣ бо пешрафтатарин технология ва воситаҳои илмомӯзии муосир, ба монанди тахтаҳои электронӣ ва компютер муҷаҳҳаз карда шудааст.
Бо мақсади ҷалби хонандагон ба тарзи ҳаёти солим ва машғул шудан ба варзиш дар бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 толори варзишӣ бунёд шудааст.
Дар ин толор муҳассилин ба обу тоби бадан, волейболу баскетбол ва дигар бозиҳои варзишӣ машғул хоҳанд шуд.
Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, хонандагонро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз худ кардани илмҳои дақиқ ва барномаҳои компютерӣ ҳидоят намуданд.
Дар Муассисаи мазкур дегхона мавҷуд аст, ки имкон дорад синфхонаҳоро дар давраи сардиҳо бо гармӣ таъмин намояд. Роҳравҳои назди бино бо сангҳои ороишӣ зиннат дода шуда, саҳни бинои таълимӣ бо гулҳои мавсимӣ оро ёфтааст.
Дар заминаи муассисаи нави таълимӣ ҳамзамон бунгоҳи тиббӣ ва утоқи дандондармонӣ ташкил шудааст, ки аз рӯи зарурат ба омӯзгорону хонандагони ин даргоҳи илм хизмат мерасонад.
Бинои нави таълимӣ дар доираи таҷлил аз 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, туҳфаи арзандаи Пешвои миллат ба хонандагони хуштолеи даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 муассисаи нави таълимӣ, 8 муассисаи томактабӣ ва 40 бинои иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд, ки зиёда аз 51 ҳазор хонандагон ба таълим фаро гирифта шуда, бештар аз 3280 нафар омӯзгорони соҳибтахассус ба онҳо дарс мегӯянд.