МЕНЮ
25
сентябри
2020
|
Баргузории семинар дар мавзӯи “Мафҳуми муосири маъюбият ва муҳити зисти дастрас” |
Рӯзҳои 23-24 сентябри соли 2020 бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар якҷоягӣ бо Барномаи Рушди СММ дар доираи лоиҳаи “Пешбурди ҳуқуқҳои шахсони дорои маъюбият тавассути баланд бардоштани иқтидори ташкилотҳои онҳо ва расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон” семинар баргузор гардид. Семинар барои кормандони Дастгоҳи марказӣ, намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ташкил карда шуд.
Семинар аз ҷониби мутахассисони Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон аз ҷумла Зикрихудоев А., Шамсуддинова Ф. ва дигарон гузаронида шуда, мавзӯъҳои “Таърихи маъюбият”, “Қонунгузориҳои миллӣ ва байналмилалӣ, ки ба маъюбон равона шудаанд”, “Таҳсилоти фарогир”, “Моделҳои маъюбият” ва дигар масъалаҳои ба шахсони дорои маъюбият вобастабуда, мавриди омӯзиш қарор дода шуданд.
Дар доираи барномаи семинар баъзе аз мавзӯъҳо бо усулҳои интерактивӣ тариқи машғулиятҳои амалӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла, вобаста ба мавзӯи “Асосҳои гузаронидани мониторинги муҳити дастрас” бинои “Меҳмонхонаи Сафар”, ки ҷойи баргузории семинар буд, мавриди мониторинг қарор дода шуд.
Чорабинии мазкур дар баланд бардоштани дониши кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нақши муҳим дошта, боварӣ аст, ки кормандон онро дар фаъолияти худ баҳри таҳким ва ҳимояи ҳуқуқи шахсони дорои маъюбият истифода хоҳанд бурд.