ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
14
октябри
2026

ВОХӮРИИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ КӮДАК ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ

                5 октябри соли 2026 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Мурғоби ВМКБ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода бо роҳбарону кормандони сохторҳои давлатӣ, масъулони соҳаҳои дахлдор ва сокинони ноҳия вохӯрӣ баргузор намуда, қабули шаҳрвандонро анҷом доданд ва аз як қатор муассисаҳои иҷтимоӣ боздид ба амал оварданд.

    Зимни вохӯрӣ масъалаҳои риояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ва кӯдак шарҳ дода шуданд.

     Таъкид гардид, ки ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон масъулияти муштараки давлат, ҷомеа ва оила буда, фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагӣ, таълиму тарбия ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо вазифаи муҳимми ҳар як ниҳоди масъул мебошад.

    Дар рафти қабули шаҳрвандон муроҷиатҳои вобаста ба ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон шунида шуда, ба муроҷиаткунандагон машваратҳои ҳуқуқӣ пешниҳод гардиданд.

    Ҳамзамон, бо мақсади шиносоӣ бо вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон ва шароити таълиму тарбия, хизматрасонии тиббӣ ва нигоҳдории шахсони дар ҷойҳои нигоҳдории муваққатӣ қарордошта, аз муассисаҳои томактабӣ, таълимӣ, беморхонаи ноҳия ва тавқифгоҳи муваққатии тафтишотии мақомоти корҳои дохилӣ боздид анҷом дода шуд.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal