ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

8
октябри
2020

Сафари кории муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Сангвор

 
Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулозода Р. ва кормандони масъули Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тибқи Барномаи амали макомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз 30 сентябр то 3 октябри соли ҷорӣ ба ноҳияи Сангвор сафари корӣ анҷом доданд. 
 
 Сафари кории мазкур бо мақсади амалисозии банди 6 Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳо вобаста ба гузориши муттаҳидаи сеюм ва панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои  Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдак ва протоколҳои иловагӣ ба он барои солҳои 2018-2022  ва Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2018-2020 сурат гирифт.  
 
Зимни сафари мазкур аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шуд. Аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ноҳия 11 нафар шаҳрвандон қабул карда шуданд. Таҳлили муроҷиатҳои шаҳрвандон нишон дод, ки онҳо асосан оид ба масъалаҳои муайян намудани ҷойи зисти фарзанд, пардохти алимент, маскун кардан баъди бекор шудани ақди никоҳ, таъин намудани нафақаи маъюбӣ барои кӯдакон ва нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон, кам кардани синни никоҳӣ ва ғайраҳо ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак муроҷиат намуданд. Ваколатдор оид ба масълаҳои зикргардида ба муроҷиаткунандагон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ доданд.
Ҳамчунин дар доираи сафари мазкур бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак бо аъзоёни Комиссияи маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак вохӯрии судманд доир гардид.
Зимни вохӯрӣ иштирокчиён оид ба сиёсати давлат дар самти ҳуқуқи кӯдакон, вазифа ва нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва Комиссияҳои маҳаллии ҳуқуқи кӯдак дар ин самт ибрози назар карданд.
 
20201001 102948
Аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак вобаста ба зарурати таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон ҳангоми ҳалли масъалаҳои ба онҳо дахлдошта, пешгирии зӯроварӣ нисбати кӯдакон, пешгирии омилҳои номатлуб дар байни ҷавонон, риоя ва татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак", "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва ҳалли мушкилоти ҳуқуқӣ, ки зимни қабули шаҳрвандон муайян гардиданд,  тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.
Ба иштирокчиёни вохӯрӣ маводи иттилоотӣ, аз ҷумла маърӯзаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, брошюраи «Ҳуқуқҳои худро муҳофизат намо» ва «Ахбори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон» пешниҳод гардиданд. 
Иштирокчиёни вохӯрӣ гузаронидани қабули шаҳрвандонро дар шаҳру ноҳияҳо ва таҳкими ҳамкориҳоро бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон мувофиқи мақсад арзёбӣ намуданд. 
 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal