МЕНЮ
28
октябри
2020
|
Сафари кории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрҳои Бӯстон ва Конибодоми вилояти Суғд |
Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулозода Р. ва кормандони масъули Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тибқи Барномаи амали макомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз 19 то 23 сентябри соли ҷорӣ ба шаҳрҳои Бӯстон ва Конибодоми вилояти Суғд сафари корӣ анҷом доданд.
Сафари кории мазкур бо мақсади амалисозии банди 6 Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳо вобаста ба гузориши муттаҳидаи сеюм ва панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдак ва протоколҳои иловагӣ ба он барои солҳои 2018-2022 ва Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2018-2020 сурат гирифт.
Зимни сафар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак қабули шаҳрвандонро доир намуда, бо аъзоёни Комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар шаҳрҳои Бӯстону Конибодом 20 шаҳрванд аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак қабул карда шуд.
Шаҳрвандон ҷиҳати мусоидат барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуди кӯдакон, фарзандхонии кӯдак, муоширати кӯдакон бо волидайн, дастрас намудани маълумотномаҳои зарурӣ, ҳалли масъалаҳои вобаста ба маскун кардан баъди бекор кардани акди никоҳ, таълиму тарбияи кӯдакони бо қонун дар мухолифатбуда ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак муроҷиат намуданд.
Ваколатдор оид ба масълаҳои зикргардида бо дарназардошти манфиатҳои беҳтарини кӯдак ба муроҷиаткунандагон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ доданд.
Ҳамчунин дар доираи сафари мазкур бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак бо аъзоёни Комиссияи маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак вохӯрии судманд доир гардид.
Зимни вохӯрӣ иштирокчиён оид ба сиёсати давлат дар самти ҳуқуқи кӯдакон, вазифа ва нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва Комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ин самт ибрози назар карданд.
Аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак вобаста ба зарурати таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон ҳангоми ҳалли масъалаҳои ба онҳо дахлдошта, пешгирии зӯроварӣ нисбати кӯдакон, пешгирии омилҳои номатлуб дар байни ҷавонон, риоя ва татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак", "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва ҳалли мушкилоти ҳуқуқӣ, ки зимни қабули шаҳрвандон муайян гардиданд, тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.
Ба иштирокчиёни вохӯрӣ маводи иттилоотӣ, аз ҷумла маърӯзаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, брошюраи «Ҳуқуқҳои худро муҳофизат намо» ва «Ахбори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон» пешниҳод гардиданд.
Иштирокчиён гузаронидани қабули шаҳрвандонро дар шаҳру ноҳияҳо ва таҳкими ҳамкориҳоро бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон мувофиқи мақсад арзёбӣ намуданд.