Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маърифати аҳолӣ оид ба ҳуқуқ ба саломатӣ, ҷалби шаҳрвандони фаъол ба масъалаҳои ҳифзи саломатӣ ва муаррифии арзишҳои солими ҷомеа, марҳилаи миллии озмуни байналмилалии эҷодии «Ҳуқуқ ба саломатӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Озмун дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли ҳифзи саломатӣ» дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҳандозӣ шуда, ба рушди фарҳанги саломатӣ ва ташаккули муносибати масъулона ба саломатии худ ва дигарон равона шудааст.
Санаи 24 -уми июли соли 2026 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот мизи мудаввар бахшида ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки ба тасвиб расонидани он барои таҳкими қонуният, адолати иҷтимоӣ ва суботи ҷомеа аҳаммияти муҳим дорад, баргузор гардид.
|
3
июли
2026
|

Дар доираи амалисозии Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон Давлати Қатар ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 3 июли соли ҷорӣ мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон Давлати Қатар хонум доктор Марям бинти Абдуллоҳ Ал-Атийя доир гардид.
18 - 19-уми июни соли 2026 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон саммити байналмилалии омбудсменҳо дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон дар асри зеҳни сунъӣ: имкониятҳо, хатарҳо ва масъулиятҳо» доир гардид, ки дар он муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода иштирок намуд.
Санаи 11 июни соли 2026 дар доираи таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак баргузор гардид.






