ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Октябр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
30 1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31 1 2 3

girl boy3

19
июли
2022

ДУШАНБЕ, 19.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар доираи сафари корӣ ба Конфедератсияи Швейтсария 19 июл дар Женева бо намояндаи аршади Бахши хифзи ҳуқуқи занони Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон хонум Ханна Ву мулоқот намуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

19
июли
2022

Падару модар нахустустоди фарзанд
Аз даврони ба даст овардани истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кӯдакону наврасон баҳри фароҳам сохтани ҳама гуна шароит ҳама сола бо роҳи қабули қонуну қарорҳо ва ба тасвиб расонидани конвенсияҳои СММ саъю талоши зиёд ба харҷ медиҳад.

18
июли
2022

ДУШАНБЕ, 18.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар доираи сафари корӣ ба Конфедератсияи Швейтсария бо сардори бахши ҳуқуқи инсони Котиботи давлатии Вазорати корхои хориҷии  Швейтсария хонум Жани Пияжет мулоқот анҷом дод. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

11
июни
2022

Варақаи иттилоотӣ
оид ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак
 
Рӯзи 10 июни соли 2022 бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак, ки ҳамасола 12 июн дар тамоми ҷаҳон доир мегардад, ҳамоиш баргузор шуд.

31
майи
2022

Кӯдакони азизу меҳрубон. Ҳамаи Шуморо бо фарорасии Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон самимона табрику муборакбод намуда, 
ба ҳамаи Шумо саломатию хушбахтӣ, осмони софу беғубор таманно менамоям.  
Бо шарофати сиёсати оқилона ва заковати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу ҳимояи оила, кӯдак ва волидайн дар меҳвари давлатдории навини тоҷикон қарор дошта, рукни муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Боварӣ дорам, ки кӯдакон ҳамчун насли нави ояндасози тоҷик баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азизамон садоқатмандона саъю кӯшиш намуда, бо ташаббусҳои ноҷиб, талошҳои пайгирона, дастовардҳои фикриву эҷодӣ, варзишӣ ва хониши хубу аъло барои баланд бардоштани нуфуз ва эътибори Ватани маҳбубамон саҳм мегузоранд.
Боиси қайд аст, ки аз ҷониби давлату ҳукумат барои амалишавии орзуву ормонҳои кӯдакон бахусус кӯдакони ятиму бепарастор дилсузиву меҳрубонии хоса зоҳир мегардад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи мулоқоту сӯҳбатҳои худ аҳли ҷомеаро ба анҷоми амалҳои хайр ва ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор даъват намуда, дар ин радиф барои таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо пайваста иқдоми хайрхоҳона зоҳир менамоянд.
Кӯдакони азиз!
Шумо хазинаи ояндабахши фардои зиндагӣ ва ояндаи ҷомеа ҳастед. Боварӣ дорам, ки Шумо дар оянда шахсиятҳои бофарҳанг ва ватандӯсту худшинос ва ворисони арзанда ба камол расида, миллат, забон ва Ватани худро дӯст дошта, бо он ифтихор менамоед. 
Бо чунин орзуҳои нек, бори дигар ҳамаи кӯдакони ҷумҳуриро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кўдакон аз самими қалб табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки дар оянда номбардори асили миллат ва Ватани хеш гардед .
Бори дигар саодатманду сарбаланд бошед.
 
  
 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal