ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
21
августи
2026

Боздид аз Сенат ва Палатаи қонунгузори Олий маҷлис, инчунин Суди конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Санаи 21 августи соли 2026 муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон -Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода дар доираи конфронси байналмилалии «Ҳуқуқи инсон дар шароити трансформатсияи рақамӣ: муносибатҳои муосир» дар ҳамбастагӣ бо Омбудсменҳои давлатҳои хориҷӣ, намояндагони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқ ва созмонҳои байналмилалӣ аз Сенати Олий Мажлис, Палатаи қонунгузори Олий Мажлис ва Суди конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дидан карда, бо роҳбарони ин ниҳодҳо мулоқот намуданд.

Дар мулоқот бо Раиси Сенат Танзила Норбаева масъалаҳои ҳифзи муассири ҳуқуқу озодиҳои инсон, тақвият бахшидани ҳамкорӣ байни парлумонҳо, Омбудсменҳо ва ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқ, инчунин мубодилаи мутақобилаи таҷриба баррасӣ гардиданд. Иштирокчиён ислоҳоти дар Ӯзбекистон гузаронидашавандаро дар соҳаи таъмини ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи занон ва кӯдакон, таъмини баробарии гендерӣ, инчунин такмили механизмҳои таъмини кафолатҳои ҳуқуқи инсон мусбат арзёбӣ намуда, аз таҷрибаи кишварҳои худ дар ин самт қайд карданд.

Дар Палатаи қонунгузор бо Спикери Палата Нуриддин Исмоилов, роҳбарони фраксияҳо ва раисони кумитаҳо мулоқот доир гардид. Дар ин ҷараён масъалаҳои таъмини кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон дар сатҳи қонунгузорӣ, мустаҳкамкунии ҳамкорӣ байни парлумон ва Омбудсмен, ба назар гирифтани стандартҳои байналмиллии соҳаи ҳуқуқи инсон дар раванди таҳия ва такмили қонунгузорӣ баррасӣ гардиданд. Ба меҳмонон дар бораи ислоҳоти қонунгузории солҳои охир дар Ӯзбекистон, ки ба таъмини шаъну эътибори инсон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон равона шудаанд, маълумот дода шуд.

Вохӯрии монанд бо Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мирзо-Улуғбек Абдусаломов низ баргузор гардида, дар раванди он ба иштирокчиён аз такмил ёфтани сохтори мақомот, тағйиротҳои ба Конститутсияи кишвар воридшуда ва ташаббусҳои минбаъдаи Роҳбарияти Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон иттилоъ дода шуд.

Дар ҳамаи мулоқотҳо аҳаммияти омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон, идомаи муколамаи касбӣ байни парлумонҳо, Омбудсменҳо ва ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқ, мубодилаи мутақобилаи таҷрибаи пешқадам, инчунин дарёфти муштараки роҳҳои ҳалли масъалаҳои мубрам дар ин самт таъкид гардид.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal