20 августи соли 2026 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳошияи конфронси байналмилалии «Ҳуқуқи инсон дар шароити трансформатсияи рақамӣ: муносибатҳои муосир» муколамаи наҳорӣ (Breakfast Dialogue) дар мавзӯи «Нақши занон дар раванди қабули қарорҳо» бо иштироки муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода баргузор гардид. Дар он зиёда аз 20 нафар занони дорои вазифаҳои роҳбарикунанда дар парлумон ва мақомоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин роҳбарон ва намояндагони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқ аз кишварҳои Қатар, Миср, Малайзия, Озарбойҷон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркия ва Умон, инчунин намояндагони сохторҳои СММ ва дигар созмонҳо ширкат карданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳои дастгирии иқтидори касбӣ ва сарварии занони дар соҳаи ҳуқуқи инсон фаъолияткунанда, васеъ намудани иштироки минбаъдаи онҳо дар идоракунии давлатӣ ва ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар равандҳои таҳия ва қабули қарорҳо, инчунин ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ баррасӣ гардиданд.
Қайд гардид, ки иштироки занон дар идоракунии давлатӣ ва ҷамъиятӣ, яке аз роҳҳои асосии таъмини баробарии гендерӣ маҳсуб ёфта, он амалан на танҳо барои афзоиши шумораи занон дар мансабҳои роҳбарикунанда, балки таъмини иштироки самаранок ва муассири онҳо дар баррасӣ, таҳия ва қабули қарорҳои муҳим равона карда шудааст.
Дар доираи чорабинӣ, ки дар шакли муколамаи озод сурат гирифт, мавзӯъҳои «Нақши занон дар идоракунии давлатӣ ва равандҳои қабули қарорҳо: имкониятҳо ва дурнамо» ва «Тақвияти роҳбарии занон: ҳамкорӣ, мубодилаи таҷриба ва дастгирии насли нави сарварон» баррасӣ гардиданд. Иштирокчиён атрофи таҷрибаи касбӣ, амалияи муассири идоракунӣ ва ақидаҳо оид ба тақвияти нақши занон дар қабули қарорҳо, инчунин дастгирии занони ҷавони қобилияти сарваридошта мубодилаи афкор намуданд.
Дар натиҷаи муколама аҳамияти ҳамкориҳои ниҳодҳои миллӣ ва хоричӣ ҷиҳати дастгирии иқтидори роҳбарии занони ҷавони мутахассис, инчунин васеъ намудани иштироки фаъол ва муассири занон дар равандҳои қабули қарорҳо қайд карда шуд.






