20 августи соли 2026 дар шаҳри Тошканд бо ташаббуси Ваколатдори Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи инсон (омбудсмен) конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон дар шароити трансформатсияи рақамӣ: равишҳои муосир» баргузор гардид, ки дар он муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода иштирок намуд.
Чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди СММ, Ҳамоҳангсози лоиҳаҳои САҲА дар Ӯзбекистон ва Намояндагии Фонди Конрад Аденауэр дар ҳошияи 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил карда шуда, ба баррасии муносибатҳои муосир оид ба таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар шароити трансформатсияи рақамӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ, инчунин мустаҳкамкунии ҳамкорӣ байни ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқ ва созмонҳои байналмилалӣ равона гардида буд.
Ваколатдори Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи инсон Феруза Эшматова дар ифтиттоҳи конфронс қайд намуд, ки трансформатсияи рақамӣ дар баробари имкониятҳои нав дар соҳаи таъмини ҳуқуқи инсон, шаклҳои нави масъулиятро низ ба вуҷуд меорад. Ҳамзамон, гуфта шуд, ки «Трансформатсияи рақамӣ барои мо на танҳо навсозии технологӣ, балки масъулият барои таъмини шаъну шарафи инсон дар шароити муосир аст. Имрӯз ҳуқуқи инсон, шарафу эътибори ӯ, маълумоти шахсӣ ва амнияти ӯ бояд на танҳо дар ҳаёти воқеӣ, балки дар фазои онлайнӣ низ бо эътимод ҳифз карда шавад».
Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва муовини Спикери Палатаи қонунгузори Олий Мажлис, ҳангоми суханронии худ, аҳаммияти ниҳоди Омбудсменро дар таъмини ҳуқуқи инсон дар шароити навсозии рақамӣ алоҳида қайд карданд.
Дар кори конфронс Омбудсменҳо, намояндагони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқ, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони зиёда аз 25 давлат ширкат варзиданд, аз ҷумла Гурҷистон, Испания, Итолиё, Қатар, Қирғизистон, Қазоқистон, Малайзия, Миср, Озарбойҷон, Покистон, Русия, Словакия, Таиланд, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Умон, Ҳиндустон, Швейтсария ва Юнон, инчунин аъзои Парлумон, намояндагони як қатор созмонҳои давлатӣ, вазорату идораҳо, кори дипломатӣ, аъзои Комиссия дар назди Ваколатдор, олимон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма.
Кори конфронс дар доираи се ҷаласаи мавзӯӣ роҳандозӣ гардид: таъмини ҳуқуқи занон ва баробарии гендерӣ дар ҷаҳони рақамӣ, ҳифзи занон аз хушунати онлайнӣ ва табъизи рақамӣ; ҳифзи ҳуқуқи ҷавонон дар шароити трансформатсияи рақамӣ, амният дар интернет, пешгирии кибербуллинг ва ҳифзи маълумоти шахсӣ; рушди хизматрасониҳои рақамии фарогир барои шахсони маъюб, таъмини дастрасии баробар ба иттилоот ва хизматрасониҳои давлатии электронӣ.
Дар ҷараёни муҳокимаҳо аҳаммияти мустаҳкамкунии ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳангоми истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, инчунин таъмини фарогирии аҳолӣ аз имкониятҳои нави пешрафти технологияи рақамӣ, нақши ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқ дар ин равандҳо ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ қайд карда шуд.






