ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

15
августи
2020

Рӯзҳои 12 ва 13 августи соли ҷорӣ Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибуллозода Р.Ҳ. дар Форуми Самарқанд оид ба ҳуқуқи инсон дар мавзӯи: “Ҷавонон 2020: Ҳамраъйии глобалӣ, рушди босубот ва ҳуқуқи инсон” иштирок кард.

17
июли
2020

ДУШАНБЕ, 16.07.2020 /АМИТ «Ховар»/.  84 нафар кӯдаконе, ки  соли сипаришуда аз кишварҳои ҷангзада, аз ҷумла Ироқ бо ташаббуси  инсондӯстонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон оварда шуданд,  айни замон дар мактаб- интернатҳо ва  Хонаи кӯдакони ҷумҳурӣ  ҷойгир карда шудаанд. Дар ин бора Ваколатдор оид ба ҳуқуқи  кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибулозода имрӯз  зимни нишасти хабарии ин  ниҳод дар ҳузури сершумори хабарнигорон баён дошт.

17
июли
2020

ДУШАНБЕ, 16.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи якуми соли равон ба дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқӣ инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 282 адад муроҷиатҳои хаттӣ ворид гардидааст, ки талаботи аксари онҳо қонеъ гардонида шуданд. Дар ин бора имрӯз Ваколатдор оид ба ҳуқуқӣ инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар ҳузури намояндагони ВАО  изҳор дошт.

17
июли
2020

Рӯзи 9 ва 10-уми июли соли 2020 дар доираи Барномаи амали мақомот Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Умед Бобозода дар якҷоягӣ бо муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ – Нидоев Ҳ., муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак – Низомов А. ва ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Салихов З. ҷиҳати шиносоӣ аз вазъи будубоши маҳкумшудагон дар Муассисаи ислоҳии ЯС 3/8-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Норак боздид ба амал овард.

2
июли
2020

Нусратулло Махсум — яке аз асосгузорони Тоҷикистони Шӯравӣ ҶШС Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатии Тоҷикистон, сиёсатмадор, дорандаи унвони олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қаҳрамони Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal