ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

4
ноябри
2020

Конститутсия кафили оила, модар ва кӯдак

Конститутсия санади олии меъёрӣ-ҳуқуқӣ, шиносномаи давлат, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд буда,  муайянкунандаи сохт ва шакли давлатдорӣ мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати санади тақдирсози давлату ҷомеа дар пешрафти минбаъдаи кишвар ва муайян намудани сарнавишти халқи Тоҷикистон заминаи муҳими ҳуқуқиро ба вуҷуд овард. Он ба стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи инсон ва дигар сандҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсонро дар худ таҷассум мекунад ва ба қатори яке аз конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон шомил гардидааст.
 
 
Бо қабул гардидани Конститутсия дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷодаи эътирофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон давраи нав оғоз шуд. Мутобиқи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». Ин модда мазмун ва мундариҷаи боби 2 Конститутсияро, ки ба ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, муайян мекунад. 
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар боби 2 Конститутсия кафолат дода шудааст, ҳифзи оила, модар ва кӯдак мебошад. Дар қисми 1 моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ки «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад». Ҷиҳати таъмини ин кафолати конститутсионӣ таҳкими заминаҳои ташаккули оила ва дастгирии оилаҳо бо дарназардошти арзишҳои фарҳанги миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф шуда, аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар ин самт корҳои муайян анҷом дода мешаванд. Оила ҳамчун асоси ҷомеа таҳти ҳимояи давлат қарор дошта, ба он таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда мешавад, зеро ҳалли масъалаҳои демографӣ, солимии ҷомеа, ташаккули шахсиятҳои комил, худшиносу ватандӯст ва дорои ҳисси ифтихори баланди миллӣ маҳз тавассути дастгирии оила имконпазир мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти муҳимияти масъала соли 2015-ро Соли оила эълон намуданд, ки ҳадаф аз он боло бурдани мавқеи оила дар ҷомеа, густариши фарҳанги оиладорӣ, инчунин нигоҳ доштани он ҳамчун арзиши ивазнашаванда дар фарҳанги миллӣ мебошад. 
Меъёрҳои Конститутсияро ҳамчун сарчашма ба инобат гирифта, қонунгузории миллӣ дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқии мардону занон дар ҳалли масъалаҳои оилавӣ, муҳофизат ва ҳавасманд кардани модарӣ, ғамхорӣ нисбат ба тарбияи фарзандон ва таъмини манфиатҳои онҳо, якканикоҳӣ, озодонаву ихтиёрӣ будани никоҳ, аз ҷиҳати моддиву маънавӣ масъули ҳамдигар будан ва ғамхории ҳамдигарии аъзои оила асос ёфтааст.
Ҷиҳати таҳкими заминаҳои ҳифзи манфиатҳои оила, таҳкими мавқеи оила дар ҷомеа ҳамчун ниҳоди муҳими иҷтимоӣ  ва макони тарбияи фарзанд, муҳайё намудани заминаҳои иқтисодию иҷтимоии таҳкими оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва таҳкими пояҳои оиладорӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, № 801 Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки он дар амалӣ намудани масъалаҳои зикршуда нақши назаррас дорад.
Дар қисми 1 моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки «Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд». Ҷиҳати таъмини кафолати мазкур аз ҷониби Ҳукумати кишвар як қатор чораҳо амалӣ гардидааст, ки ба устувории оилаҳо, ҳавасмандгардонии модарӣ, ҳимояи манфатҳои ҳама аъзои оила, аз ҷумла модару кӯдак замина фароҳам овардааст. 
Ҳимоя ва кӯмак ба оила, модар ва кӯдак тавассути қонунгузории соҳаҳои гуногун амалӣ карда мешавад. Қонунгузории оилавӣ дар таъмини ҳуқуқҳои аъзои оила, хусусан модару кӯдак кафолатҳои зиёдро пешбинӣ намудааст. Аз ҷумла, таъмини манфиатҳои модар ва кӯдак ҳангоми ҷудошавӣ, муайян намудани ҷойи зисти кӯдакон ва ғайраҳо. 
Қонунгузории соҳаи меҳнат низ ба модару кӯдак имтиёзу кафолатҳои дахлдорро пешбинӣ намудааст. Аз ҷумла, рухсатӣ вобаста ба ҳомиладорӣ ва таваллуди кӯдак барои занони бо фаъолияти меҳнатӣ машғулбуда, маҳдуд будани меҳнати занони ҳомиладор дар бастҳои шабона, манъ будани меҳнати занон ва кӯдакон дар корҳои ванзнин ва корҳои шароиташон зараровар,  давомнокии вақти кӯтоҳи корӣ барои ноболиғон ва ғайраҳо. 
Ҳамчунин қонунгузории соҳаи тандурстӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳо ба модару кӯдак имтиёзҳои дахлдор пешбинӣ намудаанд, ки онҳо ба таъмини кафолатҳои муқаррароти Конститутсия равона карда шудаанд.
Инчунин бо мақсади таҳким бахшидан ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдакон, зери ғамхории махсуси давлат қарор додан, дар муҳити оилавӣ таълим ва тарбия ёфтан, фароҳам овардани шароити муносиб барои инкишофи маънавию ҷисмонии онҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуда, соли 2015 Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» қабул гардид.  Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва кафолатҳои давлатии амалишавии онҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак аз ҷумла, кӯдакони ятим ва бепарастор ва кӯдакони маъюбро муайян менамояд.
Ҷиҳати таъмини ин кафолатҳои конститусионӣ дар баробари қонунгузорӣ инчунин фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор ба ҳифзи оила, модар ва кӯдак равона карда шудааст. Аз ҷумла, Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак ва комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кудак, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо.
Дар раванди ҳифз ва пешбурди  ҳуқуқи модару кӯдак нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак низ муҳиманд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак фаъолияти худро дар асоси Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ монда, дар доираи салоҳияти худ ҷиҳати тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, хусусан оила, модар ва кӯдак санҷишу мониторингҳои дахлдор мегузаронад. Инчунин ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон зимни вохӯриҳо бо аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакон оид ба кафолатҳои муқаррарнамудани Конститутсия ва қонунгузории миллӣ дар робита ба ҳуқуқу озодиҳои онҳо чорабиниҳои иттилоотӣ мегузаронад.
Маҳз Конститутсия ҳамчун санади олии меъёрӣ-ҳуқуқӣ сарчашмаи асосии ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб рафта, қонунҳои дигари миллӣ аз он сарчашма мегиранд. 
 
 
Сайёд Раҳимов, 
Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи
давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal