МЕНЮ
5
ноябри
2020
|
Конститутсионализм дар Тоҷикистони Шӯравӣ ва Тоҷикистони соҳибистиқлол |
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар худ орзуву омоли чандинасраи халқи худогоҳу хештаншиноси тоҷикро баҳри бунёди ҷомеаи адолатпарвар инъикос намудааст, барои устувории соҳибихтиёрӣ, пойдории ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, суботи сиёсӣ, таъсиси низоми самарабахши мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ба миён омадани рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкими ғояҳои инсондӯстона дар тафаккури ҷомеа, татбиқи асли таҷзияи ҳокимият ва шинохти кишвари азизамон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ нақши созгору таърихӣ дорад.
Пайдоиш ва инкишофи конститутсияҳои Тоҷикистон бо барпоёбӣ ва ташаккули аввалин давлати миллии Шӯравии Тоҷикистон алоқаманд аст. Анҷумани дуюми Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон 28 апрели соли 1929 Конститутсияи аввалини ҷумҳуриро қабул кард. Он мувофиқи Конститутсияи Идтиҳоди Шӯравӣ соли 1924 ва Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравии Узбекистон соли 1927 таҳия карда шуда буд. Конститутсияи Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон соли 1929 бо ҳуқуқҳои мухторӣ ба ҳайати Узбекистон даромадани Тоҷикистонро якҷоя бо вилояти Кӯҳистони Бадахшон ба тарзи ҳуқуқӣ-конститутсионӣ ба расмият даровард.
Анҷумани чоруми Шӯроҳои Тоҷикистон 25-уми феврали соли 1931 Конститутсияи аввалини ҷумҳурии иттифоқии Тоҷикистонро қабул кард, ки он ба Конститутсияи соли 1924 давлати Шӯравӣ мувофиқат дошт.
Конститутсияи дигар 1-марти 1937 аз тарафи анҷумани шашуми фавқулоддаи Шӯроҳои ҷумҳурӣ қабул гардид, ки он моҳиятан бо Конститутсияи иттифоқии соли 1936 мувофиқ буд. Ин конститутсия 41 сол амал кард ва дар ин муҳлат ба он қариб ҳазор маротиба таѓйироту иловаҳо дароварда шуданд.
Конститутсияи чоруми Тоҷикистон, ки соли 1978 қабул гардид, мувофиқ ба Конститутсияи собиқ Шӯравӣ буд ва ин Конститутсия 16 сол амал кард.
Шӯрои Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон 24 августи соли 1990 Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро қабул намуд. Қабули Эъломияи мазкур қадами нахустин дар ҷодаи омода намудани лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон моҳи августи соли 1990 комиссияи конститутсионӣ таъсис дода шуд, ки он лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро дар давоми як сол тайёр намуд.
Аммо бетартибиҳои сиёсии моҳи августи соли 1991 ва пошхӯрии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ сабаби ба таъхир андохтан ва қабул нашудани ин лоиҳаи Конститутсия гардид. Эълон шудани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон боиси ба миён омадан ва таҳияи лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Аз ин рӯ, 3 январи соли 1992 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати комиссияи конститутсионӣ тағйирот дароварда шуд. Гурӯҳи кории мазкур лоиҳаи нави Конститутсияро тайёр ва моҳи апрели соли 1992 ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 апрели соли 1992 лоиҳаи Конститутсияро маъқул дониста, онро ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карданд. Аммо оғози ҷанги шаҳрвандӣ имкон надод, ки лоиҳаи Конститутсия аз тарафи халқ пурра муҳокима гардад. Бинобар ин, кор аз болои лоиҳаи Конститутсия қатъ гардид.
Минбаъд масъалаи аз нав тайёр кардани лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйир додани ҳайати комиссияи конститутсионӣ танҳо дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 июни соли 1993 ба миён омад ва бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати комиссияи конститутсионӣ дар ин Иҷлосия тағйир дода шуд ва Раиси комиссияи конститутсионӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид.
Аввалин маҷлиси комиссияи конститутсионӣ дар санаи 4 сентябри соли 1993 баргузор гардид, ки дар он ду гурӯҳи кории нав ташкил дода шуд. Моҳи апрели соли 1994 гурӯҳи корӣ ду шакли лоиҳаи Конститутсияро, ки яке аз он лоиҳаи конститутсия бо шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ, дигаре бо шакли идоракунии ҷумҳурии парлумонӣ буд, ба комиссияи конститутсионӣ пешниҳод намуд. Дар натиҷа, лоиҳаи Конститутсия бо шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ маъқул дониста шуда бо қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Конститутсия барои интишор ва муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда шуд. Ҳамин тариқ, лоиҳаи Конститутсия 21-22 апрели соли 1994 дар матбуоти расмӣ интишор гардида ва муҳокимаи он то моҳи июли соли 1994 давом кард. Дар Иҷлосияи нуздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 21–22 июли соли 1994 баргузор шуд, лоиҳаи Конститутсия бо пешниҳоду таклифҳо муҳокима гардида, барои дар раъйпурсӣ 25 сентябр қабул гардиданаш қарори дахлдор ба тасвиб расид. Баъдан бо қарори Иҷлосияи 20-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 1994 муҳлати гузаронидани раъйпурсӣ то 6 ноябри соли 1994 тамдид карда шуд.
Рӯзи 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ бахшида ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 94,4 дарсади шаҳрвандон иштирок намуданд, ки 87,59 дарсади онҳо ба тарафдории қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз доданд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конститутсияи сифатан нав ва қабули он дар ҳаёти ҷумҳурӣ ҳақиқатан воқеаи таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Ин ҳуҷҷати бо роҳи демократӣ қабулшуда ба ҳисоб рафта, Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мустаҳкам менамояд. Дар он шакли идоракунӣ, сохтори давлатӣ ва режими сиёсӣ муайян карда шуда, давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон мустаҳкам гардидааст. Хусусияти фарқкунандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) инчунин дар он аст, ки он аввалин маротиба усули таҷзияи ҳокимиятро пешбинӣ карда, волоияти меъёрҳои қонуни асосӣ ва бартарияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро муқаррар намудааст. Дар он нахустин бор сухан дар бораи вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд меравад, ки барои конститутсияҳои пешина ин мафҳум бегона буд.
Бояд гуфт, ки тайи 26 сол ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба бо тариқи раъйпурсӣ: санаи 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ин тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан барои мустаҳкам намудани ақидаҳои давлати ҳуқуқбунёд, таҷзияи ҳокимият, волоияти худи меъёрҳои Конститутсия, қонунияти ҳуқуқӣ ва конститут¬сионӣ, адолати судии конститутсионӣ ва назорати судии конститутсионӣ, дахлнопазир эълон шудани ҳуқуқҳои фитрии инсон ва ғайраҳо равона карда шудааст.
Ҳамин тавр, дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки Конститутсия тарзи ҳаёти ҳаррӯзаи моро таҷассум намуда, ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷомеаи моро ифода мекунад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ сазовори баҳои баланд гардида, аксари коршиносону мутахассисон ва сиёсатмадорон онро чун таҷассумгари ҷараёни демократӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ намудаанд. Гузашта аз ин, дар бахши ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷумлаи панҷгонаи беҳтарин намунаи конститутсияҳои давлатҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дониста шудааст. Имрӯз метавон бо боварии комил қайд намуд, ки ҷараёни бадастории соҳибихтиёрӣ бо қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 анҷом ёфта, дар мустаҳкамгардӣ ва инкишофи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши он калон буд ва хоҳад монд. Аз ин рӯ, дар сарнавишти давлати навини тоҷикон 6 ноябри соли 1994 ҳамчун санаи тиллоӣ сабт шудааст, ки ин рӯз ҳар сол ботантана таҷлил карда мешавад.
Низомов А.Б. – муовини
сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии
Дастгоҳи ВҲИ