ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
1
июни
2026

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ва аҳаммияти он, дар ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини ояндаи насли наврас

Кӯдакон сарвати бебаҳои ҷомеа ва ояндаи дурахшони ҳар миллату давлат ба шумор мераванд. Ғамхорӣ нисбати онҳо на танҳо масъулияти оила, балки вазифаи муҳимми ҷомеа ва давлат мебошад. Бо дарназардошти хусусиятҳои синну солӣ ва рушди ҷисмонию равонӣ, кӯдакон на ҳамеша метавонанд ҳуқуқу манфиатҳои худро мустақилона ҳимоя намоянд. Аз ин рӯ, онҳо ҳамчун гурӯҳи осебпазири ҷомеа ба ҳифзи махсус ва дастгирии пайваста ниёз доранд.

 

Ҳамасола 1 июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон» ҷашн гирифта мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ва иштирокчии Созмони Милали Муттаҳид ин рӯзро бо эҳтироми хоса таҷлил менамояд.

Таърихи пайдоиши ин ҷашн ба миёнаҳои асри ХХ рост меояд. Пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ масъалаи ҳифзи саломатӣ ва беҳбудии кӯдакон аҳаммияти хоса пайдо кард. Соли 1949 дар шаҳри Москва ҷаласаи Шурои Федератсияи байналмилалии демократии занон баргузор гардида, қарор қабул шуд, ки 1 июн ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон» таҷлил гардад. Оғоз аз соли 1950 ин рӯз бори аввал дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта шуд.

Ин сана, пеш аз ҳама, барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон - ҳуқуқ ба ҳаёт, таҳсил, истироҳат, инчунин муҳофизат аз ҳама гуна зӯроварӣ равона гардидааст. Он ба ташаккули ҷомеаи инсондӯстона ва масъулиятшинос мусоидат мекунад.

Ҳуқуқҳои кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсия сарчашма гирифта, тавассути як қатор қонунҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «»Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъмин карда мешаванд. Дар сатҳи байналмилалӣ, санади муҳимми ҳуқуқӣ Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак мебошад, ки онро Созмони Милали Муттаҳид 20 ноябри соли 1989 қабул намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 ин Конвенсияро ба тасвиб расонида, барои иҷрои он тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Конвенсия ба чор принсипи асосӣ такя мекунад: манъи табъиз, таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак, ҳуқуқ ба ҳаёт ва рушд, инчунин ҳуқуқ ба шунида шудан. Ин принсипҳо бояд дар ҳамаи қарорҳо ва амалҳое, ки ба кӯдакон дахл доранд, роҳнамо бошанд.

Дар Тоҷикистон модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доранд. Сиёсати давлатӣ ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон, аз ҷумла дастрасӣ ба таҳсил, хизматрасонии тиббӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва истироҳати солим равона шудааст. Алалхусус, ба кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки ғамхорӣ ба кӯдакон ва наврасон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат буда, тарбияи насли солиму соҳибмаърифат омили пешрафти ҷомеа мебошад. Воқеан ҳам, сармоягузорӣ ба рушди кӯдак сармоягузорӣ ба ояндаи миллат аст.

Манфиатҳои беҳтарини кӯдак тавассути муқаррар намудани меъёрҳои давлатии ҳадди ақали хизматрасонии иҷтимоӣ дар соҳаи маориф, хизматрасонии ройгони тиббӣ ба кӯдак, ҳифзи меҳнат, хизматрасонии иҷтимоӣ, таъмини ҳуқуқи кӯдак ба манзил, ташкили тадбирҳои солимгардонӣ ва истироҳат, ба назар гирифтани манфиатҳои кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор, расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ва равонӣ ба кӯдак таъмин карда мешавад.

Тибқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” ҳар як кӯдак ба зиндагӣ ва шароите ҳуқуқ дорад, ки барои инкишофи мукаммали ҷисмонӣ, равонӣ ва маънавию ахлоқии ӯ заруранд. Кӯдак ба озодӣ, дахлнопазирӣ, шаъну эътибор ва ҳаёти шахсӣ ҳуқуқ дорад.

Ҳамаи кӯдакон, новобаста аз баромади иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ ва мазҳабӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ, нажод, ҷинс, забон, таҳсилот, эътиқоди динӣ, ҷойи зист, вазъи саломатӣ ва дигар ҳолатҳои ба кӯдак ва падару модар ё дигар намояндагони қонунии ӯ дахлдошта, ҳуқуқҳои баробар доранд.

Дар баробари ташкили асосҳои қонунгузорӣ инчунин механизми муайяни мақомоти давлатӣ таъсис дода шудааст, ки фаъолияти онҳо ба ин ё он васила ба таъмини ҳуқуқҳои кӯдак алоқаманд аст.

Дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак фаъолият мекунад, ки мақоми доимоамалкунанда буда, сиёсати давлатиро ба хотири таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак амалӣ менамояд. Комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак низ дар ҳифзи ҳуқуқи кӯдак нақши муҳим мебозанд. Мақомоти дигари давлатӣ, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои дохилӣ, адлия, прокуратура, кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш ва як қатор вазорату идораҳои дигар низ   ба таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак масъуланд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо мақсади тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдак соли 2016 таъсис дода шуда, вазифаҳои худро дар доираи салоҳияти бо қонун муқарраршуда тавассути қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, такмили қонунгузорӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, санҷиши вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон, аз ҷумла кӯдакон оид ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, рушд ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак амалӣ мегардонад.

Имрӯз метавон бо итминон гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифз ва рушди кӯдакон заминаи устувори ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳамаи ин талошҳо ба он равона гардидаанд, ки кӯдакон дар муҳити амн, солим ва шоиста ба камол расанд ва ояндаи давлатро бо дастовардҳои худ мустаҳкам намоянд.

Бо истифода аз фурсат тамоми кӯдакони кишвар ва падару модаронро ба муносибати «Рузи байналмилалии ҳифзи кӯдакон» самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадон сулҳу оромӣ, хушбахтӣ ва ояндаи дурахшон орзу намуданд.

Начало формы

Низомов А.Б.-Муовини

сардори шуъбаи ҳифзи

давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки

Дастгоҳи Ваколатдор оид

ба ҳуқуқи инсон дар

       Ҷумҳурии Тоҷикистон


Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal