
29 майи соли 2026 кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо кормандони Филиали ташкилоти ғайритиҷоратии байналмилалии башардӯстонаи «Good Neighbors» дар Тоҷикистон дар чорабинии иттилоотӣ ва фарҳангӣ, ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №125 ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор гардид, иштирок ва баромад намуданд.
Зимни чорабинӣ ёрдамчии муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҳ. Ҳ. ва сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак Бобоҷонзода Ҳ. хонандагонро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик намуда, оид ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, барномаҳои давлатӣ, уҳдадориҳои онҳо, инчунин хатарҳои ҷаҳони муосир ва роҳҳои пешгирии онҳо суханронӣ намуданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ хонандагони муассисаи таълимӣ бо барномаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла суруду мусиқӣ ва саҳначаҳои тарбиявӣ ҳунару истеъдоди худро намоиш дода, ба чорабинӣ руҳу равони идона бахшиданд.
Чорабинӣ дар фазои самимӣ ва идона баргузор гардида, ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кӯдакон ва таҳкими эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои онҳо мусоидат намуд.






