ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
1
июни
2026

Иштирок Н.Муқимӣ дар чорабинии ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон 29 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳабри Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои илмӣ-академӣ, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Сармоягузорӣ ба кӯдакон – заминаи рушди устувори давлат ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” баргузор гардид.

Конференсияро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ифтитоҳ намуда, таъкид намуд, ки ҳифз ва сармоягузорӣ ба кӯдакон яке аз самтҳои калидии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он заминаи асосии рушди устувори ҷомеа ва таҳкими сармояи инсонӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, дар ин самт пайваста иқдомҳои муассир роҳандозӣ мегардад ва яке аз ин иқдомҳо қабул шудани Барномаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак барои солҳои 2026-2030 мебошад.

Дар чорабинии мазкур Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода низ суханронӣ намуда, аҳаммияти сармоягузорӣ ба кӯдакон, таълиму тарбияи кӯдак дар оила, таҳкими ҳамкориҳо барои ҳифзи ҳуқуқҳо ва таъмини манфиатҳои қонунии кӯдаконро муҳим арзёбӣ намуд.

Конференсияи мазкур ҳамчун заминаи муҳимми мубодилаи афкор дар самти таҳкими сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак арзёбӣ гардида, иштирокчиён омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуданд.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal