ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Июн 2026
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

girl boy3

27
майи
2026

Чорабинии иттилоотӣ ва фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар МТМУ №4 ва № 13 дар шаҳри Ваҳдат

Санаи 26 майи соли ҷорӣ намояндагони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо кормандони Филиали ташкилоти ғайритиҷоратӣ, байналмилалии башардустонаи “Good neighbors” дар Тоҷикистон, масъулини раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат ва котиби мақомоти васояту парастории Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар ҳошияи “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” дар чорабиниҳои баргузорнамудаи МТМУ №4 ва № 13 шаҳри Ваҳдат ширкат варзиданд.

Зимни чорабиниҳо Низомов А.Б.- муовини сардори шуъбаи њифзи давлатии њуќуќњои кўдак  ва Саидов Д.К.- мутахассиси пешбари шуъбаи мазкур хонандагонро аз номи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба муносибати “Рўзи байналмилалии њифзи кӯдакон” табрику таҳният гуфта, вобаста ба ҳуқуқу озодӣ ва уҳдадориҳои онҳо, хатарҳои ҷаҳони муосир ва таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати кӯдакон суханронӣ намуданд.

Хонандагони муассисаҳои таълимии болозикр бо ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ, аз қабили саҳначаҳои тарбиявӣ, суруду мусиқӣ, маърӯзаву баромадҳо ҳамоишҳои идонаро боз ҳам рангинтар карданд.

Низомов А.Б.,

Муовини сардори шуъбаи

ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои

кӯдаки Дастгоҳи ВҲИ ҶТ

 

 


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal