1 июни соли ҷорӣ Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муқимӣ Нигора Аминзода, ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба Марказҳои дастгирии оила ва кӯдаки №1 ва №2, инчунин Хонаи кӯдакони синни томактабии №1-и шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Зимни ташриф Муқимӣ Нигора Аминзода кӯдакон ва кормандони муассисаҳоро ба муносибати ин рӯзи фархунда табрику таҳният намуда, доир ба таваҷҷуҳи доимӣ ва сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва таъмини рушди ҳамаҷонибаи онҳо суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак ва тарбияи насли солиму донишманд тадбирҳои пайваста амалӣ карда мешаванд.
Дар доираи чорабинӣ барномаи фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардида, кӯдакон бо пешниҳоди саҳначаҳои тарбиявӣ, сурудҳо, рақсу мусиқӣ ва дигар барномаҳои ҷолиб маҳфилро рангин намуданд. Фазои идона ба кӯдакон руҳияи болида ва хотироти нек бахшид.
Дар анҷоми чорабинӣ ба хотири шод гардонидани кӯдакон аз ҷониби намояндагони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дастовезҳо ва туҳфаҳои идона тақдим гардида, ба онҳо саломатӣ, хушбахтӣ, таҳсили хуб ва комёбиҳои минбаъда орзу карда шуд.






