Ба муносибати 1 Июн - Иди байналмилалии ҳифзи кӯдакон
Кӯдакон сарвати муҳимтарин, ояндаи неки имрӯзу фардои миллат мебошанд ва ғамхорӣ нисбати онҳо вазифаи ҳар як шахс, ҷомеа ва давлат аст. Бо дарназардошти чунин муҳиммият дар саросари дунё рӯзи 1 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад.
Расман пайдоиши ин сана бо ҷаласаи махсуси Федератсияи байналмилалии демократии занон (соли 1949) рабт дорад, ки дар он дар бораи таъмини некӯаҳволии кӯдакон қарор қабул гардид. Зарурати таъсис додани ин сана дар он буд, ки солҳои баъдиҷангӣ кӯдакон дар вазъияти хеле ногувор қарор доштанд. Аксарияти кӯдакон аз падару модар, хонаву ҷой маҳрум шуда, маҷбур буданд бо талбандагиву дуздӣ рӯз гузаронанд. Кӯдакони зиёд аз гуруснагиву беморӣ мефавтиданд. Ҳолати мазкур ҷомеаро бетараф гузошта наметавонист.
Ҳадаф аз ҷашнгирии Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба мушкилоти кӯдакон ва зарурати ҳифзи онҳо мебошад. Аз ин рӯ, он на танҳо иди кӯдакон, балки иди калонсолон низ ҳаст.
Андешаи ҷашнгирии Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз ҷониби СММ хуб пазируфта шуд ва аз ҳамин лаҳза СММ ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва ҳуқуқҳои кӯдакро яке аз самтҳои асосии фаъолияти худ арзёбӣ намуд.
Бо мақсади инъикоси ҳуқуқу озодиҳои кӯдак Ассамблеяи генералии СММ соли 1959 Эъломияи умумии ҳуқуқи кӯдакро қабул кард. Муқаррароти асосии Эъломия дар он ифода меёбад, ки “инсоният бояд беҳтарин чизеро, ки дорад, ба кӯдакон диҳад”. Он аз волидайн, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳукуматҳо даъват ба амал овард, ки ҳуқуқҳои кӯдаконро эътироф ва барои амалишавии онҳо мусоидат намоянд.
Баъдан, соли 1989 аввалин санади байналмилалии барои давлатҳои иштирокчӣ ҳатмӣ - Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак қабул гардид. Санади мазкур ба саъю талоши қариб 75 солаи ҷомеаи байналмилалӣ ҷиҳати эътирофи кӯдак ҳамчун шахсияти комилҳуқуқ ва зарурати бо дарназардошти хусусиятҳои хос ва осебпазирии кӯдакон мавриди ҳимоя ва ғамхории махсус қарор дода шудани онҳо нуқта гузошт.
Дар давоми 75 сол масъалаи ҳифзи кӯдакон аҳамияти худро гум накардааст.
Дар замони муосир низ кӯдакон ба ғамхорӣ ниёз доранд. Ҳақиқати ногузир чунин аст, ки кӯдакон дар ҷомеаҳои гуногун бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Мутаассифона ҳар гуна мушкилоти иҷтимоии замони муосир, аз қабили камбизоатӣ, нобаробарии иҷтимоӣ, зӯроварӣ, бемасъулиятии волидайн, ояндабин набудани калонсолон ҳангоми ҳалли масъалаҳои оилавӣ, муҳоҷират, мавҷуд будани иттилооти барои кӯдакон зараровар ва дигарҳо дар навбати аввал метавонанд таъсири манфии худро ба кӯдакон расонанд.
Гуруҳҳои алоҳидаи кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони ятим, бепарастор, маъюбиятдошта, кӯдакони мубталои бемориҳои гуногун, кӯдакони бо қонун дар мухолифатбуда бештар осебпазиранд ва нисбати худ ғамхорӣ ва муносибати махсусро талаб менамоянд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 43% аҳолиро кӯдакон ташкил медиҳанд ва онҳо мавриди ғамхории давлат қарор доранд. Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакону наврасон, таъмини некӯаҳволӣ ва инкишофи ҳамаҷонибаи онҳоро яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати давлатӣ арзёбӣ намудааст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд намуданд: “Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ, рушди солимию чисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад”.
Ҷумхурии Тоҷикистон аз соли 1993 аъзои Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак буда, ба ҳар як кӯдаке, ки дар қаламрави он қарор дорад, тамоми ҳуқуқҳои дар ин Конвенсия пешбинигардидаро эътироф ва таъмин менамояд.
Иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллат ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон, таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон равона гардидаанд. Дар натиҷаи ин саъю талошҳо ҳаёти фарзандони кишвар сол аз сол беҳтару рангинтар мегардад.
Ҳифзи саломатӣ ва рушди кӯдак дар маркази таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурӣ қарор дорад, зеро саломатии аҳолӣ ва хусусан насли наврас яке аз омилҳои муҳими таъмин намудани солимии миллат ва рушди ҷомеа арзёбӣ мегардад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи саломатии ҳар шахсро кафолат дода, Ҷиҳати амалӣ намудани он стратегия ва барномаҳои дахлдор аз Ҷумла, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии ТоҶикистон, қонунҳои Ҷумҳурии ТоҶикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон”, “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”, Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024, Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027, Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027, Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2027 ва Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии ТоҶикистон барои давраи то соли 2030 қабул ва амалӣ шуда истодаанд.
Дар моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Инчунин моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад , ки ҳар шахс ҳуқуқ ба ҳифзи саломати дорад. Ба шахс тибқи муқаррароти қонун дар муассисаҳои низоми давлатии тандурустӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки ройгони тиббӣ-санитарӣ расонида мешавад. Кумаки тиббии фаврӣ дар ҳар муассисаи табобатӣ-профилактории наздик, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва ҳудудӣ, шакли моликият, ройгон таъмин карда мешавад.
Ташаккули комили шахсияти кӯдак, тарбияи дурусти ӯ дар оилаи солим, дар муҳити меҳру муҳаббат имконпазир аст. Аз ин рӯ, давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя намуда, модару кӯдакро таҳти ҳимоя ва ғамхории махсус қарор медиҳад. Бо ин мақсад тадбирҳои дахлдор Ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд, рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ, рушди шаклҳои алтернативии тарбия дар оила андешида мешаванд.
Давлат нисбат ба ҳаёти кӯдакони ятим, маъюб ва бепарастор бетафовут набуда, ғамхорӣ ва дастгирии онҳоро яке аз вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморад ва пайваста нисбати онҳо ғамхори менамояд. Ҳамчунин ҳуқуқҳои онҳо ба таҳсил, ҳифзи саломатӣ, меҳнат, манзил ва дигарҳо аз ҷониби давлат кафолат дода мешаванд.
Дар ҷумҳурӣ барои дастгирии иҷтимоӣ, тавонбахшӣ ва солимгардонӣ, таҳсилоти кӯдакони маъюбиятдошта ва барои онҳо муҳайё намудани муҳити дастрас ва барномаҳои дахлдор амалӣ карда мешаванд. Дар раванди ин тадбирҳо ҷумҳурӣ Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои маъюбонро ба имзо расонида, ҷиҳати ба тасвибрасонӣ ва амалӣ гардонидани он Нақшаи миллии амалҳо оид ба омадагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон барои давраи то соли 2024 қабул ва амали карда истодааст.
Имрӯз масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқҳои кӯдак дар робита бо Ҳадафҳои Рушди Устувор баррасӣ мегарданд. Зеро бе рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ҳуқуқҳои кӯдак наметавонанд самаранок амалӣ шаванд ва кӯдакон бошанд дар баробари ин метавонанд ҳамроҳи калонсолон дар бунёди ҷомеаи осоишта ва пешрафта саҳмгузор бошанд.
Кӯдакон сазовори ҳаёти арзандаанд ва вазифаи мо аз он иборат аст, ки муҳити солим барои онҳо муҳайё созем ва барои ба ҳаёти оянда омода шудани кӯдакон ба онҳо кӯмак расонем.
Муовини сардори шуъба
Низомов А.Б.