Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Муқимӣ Н.А. санаи 2 июни соли 2026 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар барномаи идонаи фарҳангӣ-фароғатӣ, ки дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон» доир гардид, иштирок намуд.
Дар чорабинии мазкур намояндагони мақомоти давлатӣ, шахсиятҳои маъруфи кишвар, аҳли фарҳангу ҳунар, омӯзгорон, падару модарон, наврасону ҷавонон ва меҳмонони сершумор иштирок намуда, шоҳиди фазои гарму самимии идона гардиданд.
Пеш аз оғози барномаи рангини консертӣ маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории Озмуни шаҳрии «ТОП–35 навраси муваффақ ва маъруфи шаҳри Душанбе» баргузор шуд. Ҳадафи асосии озмун дарёфт, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии наврасони лаёқатманду фаъол, ки дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, варзиш, эҷод ва фаъолияти ҷамъиятӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, мебошад.
Дар фазои тантанавӣ ғолибони озмун бо дипломҳо, сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардида, барои саҳми арзандаашон дар рушди ҷомеа ва баланд бардоштани нуфузи ҷавонону наврасони пойтахт сазовори ҷоизаҳо шуданд.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи ҷолиби консертӣ бо иштироки ҳунармандони маъруфи кишвар ва истеъдодҳои наврас пешкаши ҳозирин гардида, ба чорабинӣ шукӯҳи тоза бахшид. Сурудҳои ватандӯстона, таронаҳои кӯдакона ва рақсу намоишҳои фарҳангӣ табъи иштирокдоронро болида гардонида, фазои идонаро боз ҳам рангинтар намуданд.
Чорабинии мазкур бори дигар шаҳодат дод, ки дастгирии кӯдакону наврасон, рушди истеъдодҳои ҷавон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои камолоти онҳо аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.






