Оила муҳити табииву муқаррариест барои кўдак ва тарбияе, ки кӯдак аз падару модар мегирад, тўли тамоми зиндагии ў нақш мегузорад. Оғози ҷаҳонбинӣ, маърифатнокӣ, маънавиёт, меъёрҳои рафтор, умуман тамоми сифатҳое, ки минбаъд ўро ҳамчун инсон муаррифӣ мекунанд аз оила сарчашма мегирад.
Ба рушди хусусиятҳои инсонии кўдак муносибати падару модар ва аъзои оилааш бо кўдак ва бо якдигар таъсир мерасонад. Иштироки аъзои оила дар ҳаёти ҷамъиятӣ, муносибати онҳо ба кор ва меҳнат кўдакро ба зиндагӣ омода мекунад. Чи гунае ки имрўз аъзои оилаи ў муносибат ба ҳаёту зиндагӣ дошта бошанд фардо ӯ ин муносибатро муносибати муқаррарӣ меҳисобат, яъне фикр мекунад, ки бояд чунин бошад.
Имрўз тарбияи кўдак, рушди маънавию, ҷисмонӣ, фарҳангии ва умуман рушди ӯ аз шароити моддии оила вобастагии калон дорад. Кўдак ба сатҳи арзандаи зиндагӣ, ба хуроки гарм ва либоси зарўрӣ, ҷои хоб, шароити хуби донишомўзӣ, шиносоӣ бо техникаи ҳозиразамон, шароит барои иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ, тарзи ҳаёти солим, машғулиятҳои варзишӣ ҳуқуқ дорад. Пеш аз он ки фарзанд дар оила таваллуд мешавад, мо бояд ҳамаи инро ба назар гирем.
Дар оилаи носолиму нопурра вазъи кўдак боз вазнинтар аст ва ин боиси вайроншавии як қатор ҳуқуқҳои дигари кўдак мегардад. Пеш аз ҳама ҳуқуқи кўдакон ва ҳаёту саломатӣ вайрон мешавад.
Ояндаи ҳар як давлат аз сатҳи ҳифзу парасторие, ки имрўз нисбати кўдакони худ дорад аз таъмини ҳуқуқу зодиҳои онҳо аз шароите, ки барои рушди кўдакон таъмин аст, вобаста мебошад. Давлат дар ин замина вазифаҳояшро асосан тариқи қабули санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва дар асоси онҳо фароҳам кардани шароити зарўрӣ иқро мекунад.
Дар Тоҷикистон имрўз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла кўдакро пеш аз ҳама Конститутсия кафолат медихад. Қисми зиёди Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмину ҳифзи ҳуқуқҳои кўдакон бахшида шудааст. Кодекси меҳнат дар баробари пешбинии ҳуқуқи кўдакон ба меҳнат сўистифодаи онро пешгирӣ кардааст. Ҳарчанд дар натиҷаи сар задани ҷанги шаҳрвандӣ шароти таъмини ҳуқуқҳои кўдак қариб аз байн рафта буд, аммо имрӯз вазъият бакуллӣ беҳтар шудааст. Сатҳи мириши кўдакон паст рафта, то дарҷаи имконпазир ҳуқуқ ба сатҳи арзандаи зиндагӣ, озод будан аз зуроварии ҷисмонӣ, эҳтиром шаъну шараф, озод будан аз шиканҷа, муносибати бераҳмона, саломатӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таъмин аст.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» омадааст, ки падару модар ўҳдадоранд шаъну шарафи фарзандро эҳтиром намоянд ва ба муомилаи бераҳмона нисбати ў роҳ надиҳанд. Қонуни ҶТ “Дар бораи маориф” гуфта мешавад, ки: «Омўзгорон ўҳдадоранд таълимгирандагонро аз амалҳои зўроварии ҷисмонию равонӣ ҳифз намоянд». Инчунин муқаррар шудааст, ки омузгорон ва дигар касоне, ки дар соҳаи маориф масъуланд, ҳуқуқҳои таълимгирандагонро риоя карда, эътибори онҳоро паст назананд.
Дар Кодекси ҷиноятӣ низ моддаҳои алоҳида, ки бо таъини ҷазо кирдорҳои ғайриқонуниро нисбати ҳуқуқу озодиҳои кўдак манъ кардааст, мавҷуданд.
Агар рушди танзими ҳуқуқиро таҳлил намоем таъсиси Шўрои байналмилалии ҳифзи кўдаконро дар соли 1923 оғози фаъолияти ҳуқуқӣ дарсамти ҳифзи ҳуқуқи кўдак ҳисобидан мумкин аст. Аммо сабаби 20 ноябр ҷашн гирифтани рўзи байналмилалии ҳуқуқи кўдак каме дигар аст. Аввали солҳои панҷоҳуми асри гузашта Ассамблеяи Генералии СММ оид ба ҷашн гирифтани рўзи байналмилалии ҳуқуқи кўдак ба давлатҳои аъзои СММ тавсия дода буд. 20 ноябри соли 1059 Декларатсияи байналмилалии ҳуқуқи кўдак ва баъди 30 сол дар ҳамин рўз Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кўдак қабул шудааст. Бояд гуфт, ки Рўзи байналмилалии ҳуқуқи кўдак парчами худро дорад. Дар байни ранги сабз, ки нишони сарзабзӣ, рушд ва хуррамӣ аст, расми замин ҳамчун хонаи ягонаи тамоми кўдакони рўи замин кашида шуда, дар атрофи он расми кўдакон бо рангҳои сурх, зард, кабуд, сиёҳ ва сафед даст ба даст кардаанд, ки маъни гуногунӣ ва таҳаммулпазирӣ аст.
Бо назардошти гуфтаҳои боло ҷавононро пеш аз хонадоршавӣ бояд барои ҳаёти оилавӣ омода кунем, чунки аксар вақт ҷавонон ба зиндагии оилавӣ омода нестанд. Бинобар ин, вақте фарзанд таваллуд мешаванд ва талабот барои таъмини оила рўз то рўз меафзояд, ҷавонон барои бартарафсозии онҳо омода нестанд ва ягона роҳи халосиро дар ҷудошавӣ мебинанд.
М. Салоҳиддинов,
Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои занон ва кӯдакони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони дар ҶТ