|
21
ноябри
2016
|
18-ноябр дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак мизи мудаввар дар мавзӯи «Таҳияи механизмҳои ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ» баргузор гардид.

Ба муносибати оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш дар Муассисаи ислоҳии 3/12 чорабинии маърифатӣ таҳти унвони «Дарси сулҳ» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Дарский Радослав, муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон-Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мукимӣ Н.А., муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдзода Ф.Н., роҳбарият ва кормандон, омӯзгорону тарбиятгирандагони муассиса ва падару модарон иштирок намуданд.






